Рӯзи 26-уми апрел озмуни ҷумҳуриявӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар ноҳияи М.С.А.Ҳамадонӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур 15 номери консертӣ намоиш дода шуд. Аз ин 10 номинатсияҳои ҳунарӣ, аз ҷумла: хори бачагона, сурудҳои анъанавӣ 2-нафар, навозиши асбоби мусиқии най, сурудхонии академӣ – 1 нафар, ровиён 2 нафар, шоирон 2 нафар, оҳангсоз -1 нафар роҳхат ба озмуни вилоятӣ гирифтанд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки Раҳмонқул Сафаров- омӯзгори мактаби бачагонаи санъати ноҳия барои ба узвияти Иттифоқи Композиторони Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Хайрулло Тоиров — мудири бахши фарҳанги МИҲД-и вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб, Кормандани шоистаи Тоҷикистон, — ба мо иттилоъ дод, ки озмуни мазкур, ки даври 1 –уми он гузаронида мешавад ва дар минтақаи Кӯлоб аз ноҳияи Ҳамадонӣ оѓоз карда шудааст, Раиси ҳакамонро сардори Раёсати фарҳанги МИҲД вилояти Хатлон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Аловуддин Абдулоев ба уҳда дорад.

Озмуни мазкур бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 ноябри соли 2018 ба имзо расидаааст. Озмун аз охири моҳи апрел оѓоз шуда, даври 1-уму 2-юм дар ноҳияҳо ва вилоятҳо ва даври 3-юм дар пойтахти мамлакат ҷамъбаст мегардад. Ҷоизаҳо ба ѓолибони озмун рӯзи 16-уми ноябри соли 2019, дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешаванд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here