Дар қисмати заминҳои обии минтақаи Кӯлоб маъракаи кишти тирамоҳии зироатҳои ғалладонагӣ, минҷумла гандум оғоз ёфта, ҷараёни ин маъракаи муҳим беш аз пеш суръати тоза мегирад.Дар давоми ду се рӯзи оғози маъракаи кишт, аллакай  дар майдони беш аз 1000 гектар замин кишт гузаронида шудааст, ки ин нишондод дар нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба маротиб зиёд аст. Дар оғози бобарори маъракаи кишти ғалла, саҳми деҳқонони ғаллакори ноҳияҳои Данғара, Фархор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Восеъ назаррас буда, онҳо рӯзе аз нақшаи ҳаррӯзаи хеш бештар ғалла мекоранд. Дар ин радиф мутахассисону масъулони соҳа ба  деҳқонони ғаллакор ба таври пайвастагӣ тавсия дода истодаанд, ки онҳо аз тухмиҳои босифату серҳосил ва ба  ҳаргуна касалиҳо тобовар истифода карда, маъракаи  кишти тирамоҳии заминҳои обиро саривақт ба анҷом расонанд. Мақсади ғаллакорони минтақа, ин гирифтани на камтар аз 50-60 сентнерӣ аз ҳар гектари заминҳои обист.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here