Дар идомаи сафари корӣ Сарвазири мамлакат бо Раиси вилояти Хатлон дар вақти ташриф ба заминҳои хоҷагии деҳқонии “Идимади -Б”, ба кишти пахта оғоз бахшиданд.
Роҳбарии хоҷагии мазкурро ҳоҷагидор Идимадов Б, ба уҳда дорад, ки дар ихтиёри худ 4,8 га замин дошта, дар мавсими имсола 0,70 га гандум, 0,60 боғ, дар 0,50 га зироати хӯроки чорво парвариш карда, дар 3,0 га боқимонда пахта мекорад.
Дар вақти ташриф Сарвазири мамлакат бо деҳқонон суҳбати сарироҳӣ намуда, ба онҳо барои саривақт кишти баҳориро гузаронидан тавсияҳои муфид доданд.