Дар рафти сафари корӣ Раиси вилоят бо гурӯҳи ҳамроҳонаш дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба рафти кишти зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла картошка ва гандум дар хоҷагиҳои деҳқонии «Балҷувон» ва «Гулҷаҳони Рустам»-и деҳаи Дараи Калоти Ҷамоати деҳоти Қаҳрамон оғоз бахшид.
Пеш аз оғоз бахшидани корҳо бо сарварони хоҷагиҳои зикршуда ва роҳбарони самти кишоварзӣ ва кишоварзони ноҳия мулоқоти сарироҳӣ намуда, ҷиҳати самаранок истифода бурдани заминҳои киштшаванда, то кураки охирин ҷамъоварии пахта, аз ҳавои мусоид истифода бурда саривақт кишт намудани зироатҳои ғалладонагӣ ва картошка ва дигар маҳсулоти ниёзи аввалияи мардум дастуру тавсияҳои судманд дод.
Бар Раиси вилоят маълумот дода шуд, ки заминҳои корами хоҷагиҳои деҳқонии «Балҷувон» ва «Гулҷаҳони Рустам» дар шафати шоҳроҳи ноҳия, дар деҳаи Дараи Калоти Ҷамоати деҳоти Қаҳрамон воқеъ мебошанд. Фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонии мазкур асосан ба парвариши зироатҳо, аз қабили картошка, сабзавот, ғалладонагиҳо нигаронида шудааст. Айни ҳол дар хоҷагии деҳқонии «Балҷувон» кишти картошкаи барвақтӣ оғоз гардида, ҳар ду хоҷагӣ барои гузаронидани кишти дигар намуди зироатҳо заминҳоро омода сохтаанд.
Майдони заминҳои кишти хоҷагии деҳқонии «Балҷувон», ки сарвараш Орифов Абдулҳаким мебошад, дорои 3,36 гектар буда, ним гектари онро боғ ташкил дода, ҳар сол дар 2 гектар пахта ва боқӣ картошкаю гандум мекорад.
Майдони заминҳои кишти хоҷагии деҳқонии «Гулҷаҳони Рустам», ки сарварии онро Асоева Г. ба уҳда дорад, дорои 2,50 гектар замин буда, ҳар сол дар 1 гектари он пахта ва дар боқимонда замин зироати гандум ва картошкаю сабзӣ мекорад.
Хоҷагиҳои мазкур ҳар сол заминҳоро самараноку оқилона истифода бурда, 2-3 ҳосил мерӯёнанд ва саҳми худро дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат мегузоранд.
Раиси вилоят ба кишти картошка ва гандум дар хоҷагиҳои номбурда оғоз бахшида, ба хоҷагидорон муваффақияту бурдборӣ хост ва барои саҳми онҳо дар самти кишоварзии ҷумҳурӣ ва вилоят изҳори миннатдорӣ намуд.