Дар доираи сафари корӣ раиси вилоят дар маросими оғоз бахшидани рафти корҳои лоиҳаи хатти оби нушокӣ аз деҳаи Калтачинор ба маркази ноҳияи Балҷувон иштирок намуд.
Ба раиси вилоят маълумот дода шуд, ки хатти оби нӯшокӣ аз деҳаи Калтачинор ба маркази ноҳия дар доираи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида истодааст. Фармоишгари иншоот роҳбари Гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия – раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Нусратулло ва пудратчӣ ҶДММ «Сафо-1» ба ҳисоб рафта, дарозии умумии он 4 ҳазор метр мебошад. Хатти оби нӯшокӣ бо қубури полиэтилении диаметраш 140 кашида шуда, ба обанбори ғунҷоишаш 480 метри куббӣ оварда мешавад. Баъди татбиқи пурраи лоиҳаи мазкур аҳолии маркази ноҳия пурра бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд. То ин замон зиёда аз 60 фоизи корҳо ба анҷом расонида шудааст. Айни замон 14 нафар мутахассисон дар корҳои сохтмонӣ кор карда истодаанд.
Дар рафти шиносоӣ аз корҳои ободонию созандагӣ дар ноҳияи Балҷувон раиси вилояти Хатлон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон оид ба ҷараёни корҳои сохтмонӣ, камбудиҳои ҷойдошта таъкидҳо карда, оид ба бартараф намудани онҳо ва иҷроиши саривақтӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.