Субҳи имрӯз, 24 марти соли 2019 дар доираи нақшаи чорабиниҳои корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 30–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо ва раиси ноҳияи Данғара Раҳмон Исломиддин Хайриддин дар ноҳияи Данғара ба оғози корҳои сохтмонии як қатор иншооти муҳими хоҷагии халқ – бунёди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинои 7 ошёнаи меҳмонхона, бинои 9 ошёнаи маъмурии филиали Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон — “Амонатбонк” дар маркази шаҳраки Данғара ва муассисаи нави таълимии 4 ошиёна дар маҳаллаи 11 деҳоти Корези ноҳия бунёд мегарданд, санги асос гузошта шуд.