19 майи соли 2018 дар ноҳияи Носири Хусрав вохӯрии муовини раиси вилояти Хатлон Зоҳирзода Умед Тоир бо сокинон вохӯрд. Зимни вохӯри муовини раиси вилоят ба муроҷиати сокинони ҷавобҳои мушаххас дода қайд, кард. ки корҳои сохтмони роҳҳо ва дигар иншоотҳои муҳими иҷтомоӣ ҳамеша дар маркази диққати роҳбариятӣ мамлакат ва вилоят қарор доранд. У. Зоҳирзода қайд кард, ки аллакай дар ин самт дар назар аст, ки роҳҳо дар доираи лоиҳаҳо аз таъмири асосӣ бароварда мешаванд.
“Дар самти иқтисодиёт бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаҳои гуногун ба маблағи зиёда аз 22 млн. Сомонӣ идома доранд.Дар самти кишоварзӣ бошад ба содиротӣ маҳсулоти кишоварзӣ диққати бештар бояд дод”-қайд кард У.Зоҳирзода.
Бояд қайд кард, ки вохӯрии муовини раиси вилоят Зоҳирзода Умед Тоир дар доираи қабули сайёри шаҳрвандон дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон баргузор гардид.