Раиси шаҳри Норак Фатҳулло Ҳурматзода дар нишасти матбуотии худ қайд намуд, ки иҷрои нақшаи ҷамъоварии маблағи андозҳо дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 111,6 фоизро ташкил менамояд.Ба ҷои 23,2 миллион сомонии нақшаи пешбинишуда ба қадри 25,9 миллион сомонӣ  маблағ ҷамъоварӣ карда шуд, ки ин нишондод дар  нисбати нақша 2,7 миллион зиёд аст. Аз маблағҳои воридшуда 1,8 миллион сомонии онро андоз аз роҳҳои автомобилгард ташкил медиҳад.Ҳиссаҷудокунӣ ба буҷети вилоят 4,9 миллион сомониро дарбар мегирад ки нишондоди мазкур дар нисбати нақша 1,9 миллион сомонӣ зиёд аст.Даромади андозҳои маҳаллӣ 19,1 миллион сомонӣ ё худ 101 фоиз иҷро гардид, ки ин рақам дар нисбати нақша 213,5 ҳазор зиёд мебошад.Дар ин давра,- арз намуд сари масъалаи мазкур Ф.Ҳурматзода,- танҳо як намуди андоз пурра иҷро нагардид.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here