Ҷавонони арҷманд!
Ҳар сол Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ба 23 май рост меояд ва яке аз санаҳои муҳими даврони соҳибистиқлолии мамлакатамон ба шумор меравад, бо тантанаи дастовардҳои насли ояндасоз ва шукргузорӣ аз суботи устувори меҳанамон таҷлил мегардад.
Ба ин муносибат ҷавонони азизи Хатлонзаминро, ки такягоҳи асосии давлат, умеду ифтихори диёрамон мебошанд, самимона шодбошу таҳният мегӯям ва барои ин неруи қудратманд, ҷавонони ватандӯсту хештаншиноси тоҷик саломативу комёбиҳои рӯзафзунро орзумандам.
Дарёфти мақому ҷойгоҳи муносибу сазовор дар ҷомеаи мутамаддин ва пешрафта мақсаду мароми роҳбарияти давлату Ҳукумат аст. Барои расидан ба ин ҳадаф мо бояд қобилият ва сатҳи маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавононро баланд бардорем, насли нави дорои тафаккури пешрафтаву созанда ва аз дастовардҳои илму техникаи муосир бохабару баҳраварро тарбия намоем.
Бо таъкид ба ин нуқта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ фармудаанд, ки “Тоҷикистон кишвари ҷавонӣ ва ҷавонон аст ва нақши ҷавонон дар ноил шудан ба дастовардҳои бузурги иқтисодию иҷтимоӣ, ободонии меҳан ва рушди босуботи ҷомеа басо назаррасу арзишманд мебошад”.
Аз ин ҷост, ки Пешвои миллат, давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавонони бонангу номус ва эҳсоси гарми ватандӯстии онҳо боварии бузург доранд, бо онҳо ифтихор мекунанд, зеро онҳо воқеан ояндаи неки Ватан ва идомадиҳандаи кору пайкори созандаи Пешвои миллат ҳастанд.
Имрӯз шумораи умумии ҷавонон дар вилояти Хатлон ба 1 миллиону 39 ҳазору 300 нафар баробар аст, ки аз ин теъдод 509 ҳазору 994 нафарашон духтаронанд. Ҷавонони машғули таҳсил дар вилояти Хатлон 338 ҳазору 636 нафарро ташкил медиҳанд.
Сарвари мамлакат дар яке аз суханрониҳои худ гуфта буданд, ки «Рӯ овардан ба ҷавонон – рӯ овардан ба оянда» мебошад. Дар ҳақиқат, мо ҷавононро воқеан ҳам насли ояндасоз, соҳибони фардои Ватан ва давлат медонем. Бо дарназардошти ин, ҷалби ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд ба вазифаҳои роҳбарикунанда аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сол то сол афзун гардида, феълан 721 ҷавони муваффақи хатлонӣ дар мақомҳои роҳбарӣ фаъолияти босамар доранд. Шумораи вакилони маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот аз ҳисоби ҷавонон 159 нафар зиёд гардида, теъдоди вакилони ҷавон ба 822 нафар расидааст.
Ҷавонони тоҷик ҳамқадами замони муосир буда, имрӯзҳо ба омӯзиши забонҳо, азхудкунии илмҳои дақиқ, техника ва фанновариҳои навин машғуланд. Садҳо ҳазор ҷавонони мо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохилу хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, корҳои илмиву таҳқиқотӣ анҷом медиҳанд ва дар дар раванди ободонии Ватан ва пешрафти давлат саҳми шоиста мегузоранд.
Вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, бархӯрди тамаддунҳо ва таъсири манфии унсурҳои фарҳангии барои миллати мо бегона дар назди ҷавонон имтиҳону вазифаҳои муҳим гузошта, онҳоро боз ҳам ҳушёру огоҳу зирактар гардонидааст.
Ифтихоровар аст, ки ҷавонон манфиату арзишҳои миллиро фаъолона ҳимоя мекунанд ва дар мубориза бо ҳама гуна хавфу хатарҳои бар зидди давлату миллати худ равонашуда омода мебошанд.
Чунин намунаи ибратбахши матонату ғаюрии ҷавононро мо дар хизмати содиқонаву сарбаландонаи онҳо дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебинем. Сол аз сол сафи ҷавонмардоне, ки довталабона, бо амри дилу виҷдон ба сафи Артиши миллӣ мепайванданд ва қарзи фарзандию рисолати миллии хешро самимона иҷро мекунанд, меафзояд. Ин ҷавонон сипари боэътимоди давлатдории миллии моанд ва дар ҳифзи марзу буми кишвар, таъмини амнияти давлату ҷомеа ва ҳимояи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ нақши азим доранд.
Таъсиси Ҷоизаҳои давлатӣ барои олимони ҷавон, стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо ва стипендияҳои номӣ барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ, ҷавонони болаёқат ва фаъоли ҷамъиятӣ, аз ҷониби давлат дастгирӣ кардани ихтироъкорӣ ва эҷодкории ҷавонон, рушд ва дастгирии давлатии фаъолияти илмиву ихтироъкорӣ ва эҷодкории ҷавонон бо роҳи гузаронидани чорабиниҳои оммавии фарҳангӣ, таъмини кумакпулӣ, кумаки тиббию равонӣ, таҳсил, ҷойи кор, манзил ва нафақа барои ҷавонон аз гурӯҳҳои осебпазир, инчунин, оилаҳои ҷавоне, ки як ва ё ҳар дуи онҳо маъюб мебошанд, ба ҷойи кори муносиб таъмин намудани ҷавонони болаёқат, кафолати ҳуқуқи ҷавонон ба моликият, фаъолияти соҳибкорӣ ва муносибатҳои дигари иқтисодӣ, дастгирии фаъолияти соҳибкории ҷавонон тавассути таъминоти моддию техникӣ, грантҳо ва қарзҳои имтиёзнок дар доираи амалисозии барномаҳои мақсадноки рушди соҳавӣ ва маҳаллӣ аз ҷумлаи тадбирҳое мебошанд, ки давлат барои рушди ҷавонон амалӣ месозад.
Ҷиҳати фароҳам овардани шароити боз ҳам хубтари таълиму тарбияи наврасону ҷавонон ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳибкорон ва аҳолӣ бунёди садҳо муассисаи таълимӣ босуръат идома дорад.
Тавре ки мегӯянд, насли соҳибмаърифату донишманд муайянкунанда ва ташаккулдиҳандаи маърифати миллат мебошад. Вобаста ба ин, бо ибтикори бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии мардуми Тоҷикистон ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави сухандону суханвару ҳунарманд, арҷ гузоштан ба арзишҳои милливу фарҳангӣ, рушди қобилияти эҷодӣ ва густариши эҳсоси худогоҳиву худшиносии аҳли ҷомеа озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Илм – фурӯғи маърифат» ва ««Тоҷикон» – ойинаи таърихи миллат» баргузор шуда истодааст.
Озмунҳои мазкур саривақтӣ будани ташаббуси Сарвари давлатро собит намуда, нишон доданд, ки наврасону ҷавонони мо ба китобхонӣ, эҷод намудан, ихтироъкорӣ қобилияту истеъдод ва шавқу завқи зиёд доранд. Дар ин самт мо бояд онҳоро минбаъд низ дастгирӣ ва неруи ин табақаи фаъолро ба самти созандагиву бунёдкорӣ роҳнамоӣ кунем.
Мо ба ҷавонон эътимоди комил дорем, дастгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, давлату Ҳукумат қадрдонӣ менамоем ва нақши арзишмандашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар эҳсос мекунем.
Фардои дурахшони ин Ватани маҳбуб аз ташаббусҳои наҷиб ва анҷоми рисолатҳои бузурги шумо – ҷавонони соҳибватан оғоз мешавад.
Мутмаинам, ки аз уҳдаи ин рисолати бузурги таърихӣ ва иҷрои вазифаи фарзандии хеш бо сарбаландӣ мебароед.
Бори дигар, ҷашни Рӯзи ҷавононро ба ҳамаи ҷавонони Хатлонзамин ва диёри биҳиштосоямон муборакбод гуфта, ба шумо бахту иқболи наку, барору пирӯзиҳои навинро таманно менамоям.
Ҳамеша сарбаланду некҳол бошед!