Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Қаҳрамони миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,

Бо арзи шодмонии бекарон пирӯзии мутлақ ва бебаҳси Шуморо дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи сокинони сарбаланд ва ба Пешвои миллат дилбанди вилояти Хатлон самимонаву шодиёна табрик мегӯем.
Мардуми шарифи Тоҷикистон дар интихоботи рӯзи 11 октябр бо таҳлил, огоҳона, бо қалбҳои саршор аз муҳаббат ва садоқат ба ҷонибдории фарзанди фарзонаи миллат, чеҳраи гиромӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон, Пешвои муътабару арҷманди худ овоз доданд, ки аз миқёси беканори шуҳрату маҳбубияти Шумо дарак медиҳад.
Обрӯю эътибори баланди Шумо ҳамчун Арбоби барҷастаи сиёсию давлатӣ на танҳо дар миёни халқи Тоҷикистон раднопазир аст, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳам Шуморо ҳамчун чеҳраи намоёни арсаи сиёсат, сиёсатмадори номдору тавоно, бунёдгузор ва кафили сулҳу салоҳ дар минтақа шинохтаву эътироф ва арҷгузорӣ мекунад. Аз ҷониби пажӯҳишгоҳҳои байналмилалӣ Пешвои асри XXI эълон гардидани Роҳбари давлати Тоҷикистон далели возеҳи шахсияти мондагори сатҳи ҷаҳонӣ будани Шумост, ки аз ин мо — тоҷикон ифтихормандем.
Хизматҳои Шумо дар барқарории сулҳу амният, бунёди низоми давлатдории миллӣ, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, амалисозии ҳадафу ормонҳои миллӣ, аз ҷумла раҳоии мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, гомҳои устувор дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, саноатикунонии кишвар, коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва рушди устувори иқтисодӣ беназир буда, мардуми Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали зимоми давлатдориро ба даст гирифтан то ба имрӯз дар атрофи Пешвои муаззами худ сарҷамъу муттаҳид буданд ва садоқатмандона аз сиёсати хирадмандонаи Шумо пуштибонӣ мекунанд.
Бори дигар, Шуморо, муҳтарам Пешвои муаззами миллат, ба муносибати пирӯзиатон дар интихобот ва ба боварии томи мардуми Тоҷикистон сазовор гардидан муборакбод гуфта, бароятон саломатии бардавом ва дар иҷрои ин рисолати пурмасъулияти давлатӣ барору комёбиҳои бемисолро орзумандем.
Аз номи мардуми шарафманди
вилояти Хатлон