САРВАЗИРИ КИШВАР АЗ ФАЪОЛИЯТИ КОРХОНАҲОИ ХУСУСИКАРДАШУДАИ ШАҲРИ КӮЛОБ ИЗҲОРИ ТАШВИШ НАМУДАНД

  Дирӯз дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо ҳузӯри Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода сари масъалаи омодагиҳои сокинони шаҳру деҳоти Кӯлоб,  оиди сазовор истиқбол  гирифтани  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Дар он раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, роҳбарони намояндагони аксар вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ, сарварони ташкилоту муассисаҳои вилоятиву минтақавӣ ва соҳибкорону фаъолони шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд.

  Сарвазири кишвар пас аз изҳори сафару мақсади хеш, суханро оиди шарҳи ҷараёни амалҳои созандагӣ дар шаҳри Кӯлоб  ба Абдуҷаббор Раҳмонзода, мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ    робита ба ҷомеа доданд.А.Раҳмонзода ба сифати роҳбари гурӯҳ доир ба масъалаи омодагӣ, дар  шарҳу тафсири вазъи мавҷуда, изҳор намуданд, ки ба истиқболи ҷашни Истиқлол бунёди 890 иншоотҳои дорои сифатҳои иқтисодию иҷтимоӣ дошта, ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин ҳисоб 831 адади он марбути соҳибкорону ашхоси алоҳидаанд.Баъди баргузории ҷаласаи қаблӣ дар фаъолияти соҳибкорон ва муассисони корхонаҳои хусусикардашуда, аз қабили корхонаи хонасозию хишт ва ҶДММ «Рустам» андаке ҷунбишу пешравиҳо ҳис карда мешаванд, вале ин ҳолат қонеъкунанда нест, зеро аксари соҳибмулкон бо гузашти вақт, ҳоло ҳам  масъаларо ба таври бояду шояд дарк накардаанд­,-таъкид намуданд дар хулосаи андешарониҳои худ А.Раҳмонзода.

  Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода баъди шунидани ҳисоботи дигар масъулон, минҷумла раиси шаҳри Кӯлоб Хайрулло Амонулло аз фаъолият накардани корхонаҳои кайҳо хусусикардашудаи истеҳсолию саноатӣ ва бунёд нагаштани корхонаҳои нав изҳори ташвиш намуданд.Ва ба роҳбарони вазоратҳову идораҳои ҷумҳуриявӣ дастур доданд, ки дар ҳалли масъала ба таври ҷиддӣ сару кор гирифта, таъҷилан кӯмаку ёрӣ намоянд. Дар сурати ба талаботи рӯз  ҷавобгӯ нагардидани  раванди бунёдкориҳо ва фаъол нашудани  корхонаҳои мавҷуда, муносибату пурсишҳо бештару ҷиддӣ мешаванд. Дар сурати самар наовардани ин таъкидку талошҳои пайвастагӣ, зарурат пеш меояд, то ки ин  ҳама корхонаҳои солҳо аз фаъолият бозмонда, ба ҳолати аввалаи худ баргардонида шаванд,- гуфтанд Қ.Расулзода.    

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.