Шабакаи тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал

  Рӯзи 8 ноябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи ташкилоти ҷамъиятии «Фидокор» ҷаласаи навбати «Шабакаи тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал» дар вилояти Хатлон  бо иштироки аъзоёни он  доир гардид, ки дар кори он муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Шоназарова М.Ш иштирок ва баромад намуда, оиди  амалишавии Барнома миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020», таклифу пешниҳодҳо намуд.          Инчунин дар ҷаласаи мазкур мудири бахши ҳуқуқи кӯдаки Дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Бекова Х.Н, сармутахасиси шуъбаи рушди иҷтимои ва  робита бо ҷомеа Сафаров Ш.А мутахассиси шӯъбаи ҳифзи иҷтимои Гуломова З.Р нисбати мушкилотҳои ҷойдошта ва ҳамкори бо шарикони Рушд, ташкилоти байналхалқии “Каритас”-и Олмон ва “Миссия Шарқ” низ баромадҳо намуда, аъзоёни шабака, бахшида ба «Рӯзи байналмиллалии маъюбон»,  ки  рӯзи 22-ноябри соли 2018, дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб баргузор мегардад даъват гаштанд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.