Чорабинӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар РВКД вилояти Хатлон

  Рӯзи 5 ноябри 2018 дар толори РВКД дар вилояти Хатлон конфренсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
  Дар чорабинӣ муовинони сардори РВКД дар вилояти Хатлон генерал-майори милитсия Искандарзода Абдулваҳоб, ҳайати шахсии Раёсати мазкур, ДТММ, сарбозон ва афсарони қисми низомии 3503-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар ва меҳмонон иштирок намуданд.
  Конфренсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба таҷлили ҷашни Конститутсия, бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
 Муовини сардори Раёсати мазкур генерал-майори милитсия Искандарзода Абдулваҳоб ҳозиринро бо ин санаи муборак табрику таҳният гуфта, зикр намуд, ки таърих гувоҳ аст, ки кишвари азизамон то соҳибистиқлол гардидан марҳилаҳои гуногуни сиёсиро паси сар намуд. Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон оғози дигаргуниҳои тоза дар самти бунёди давлати мустақили тоҷикон гардид ва бо қабули Конститутсия барпо намудани давлати соҳибистиқлол ва ҷомеаи озоду пешрафтаи шаҳравандӣ ба миён омад. Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон бо интихоби ҳайати нави Ҳукумат бо сарварии Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон барои барқарор намудани институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва амалӣ намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ҷомеа шароит фароҳам овард.

  Декани факултети сиёсат ва идораи давлатии Донишгоҳи шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав Сафарбекзода Ҳукмиддин баромад намуда, мазмуну муҳтавои моддаҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳу тавзеҳ дода, инчунин қайд намуд, ки “Конститутсия шаҳодатномаи ҳар як халқи соҳибистиқлол ва гувоҳномаи давлати озоду мустақил ва ҳамзамон бо ин, санади танзимкунандаву муайянсозандаи низоми давлатдорӣ ва муҳимтар аз ҳама кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад”.
  Шоири шинохтаи Хатлонзамин Амиршои Хатлонӣ иброз дошт, ки санади сарнавиштсози таърихӣ манфиатҳои олии миллат ва давлати соҳибистиқлоламонро инъикос намуда, Тоҷикистонро ба ҷаҳони мутамаддин ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ кард ва ба омили муҳимтарини кафолати устувории ҳаёти сиёсии ҷомеа мубаддал гардид. Сипас шоири маҳбуб бо шеърҳо дар мавзӯъҳои ватанхоҳиву садоқат ба хоку оби ин сарзамин хотири ҳозиринро болида гардонид.
  Дар идомаи ҷамъомад афзалияти дигари Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияти миллӣ доштани он дониста шуд, ки ба андешаи хозирин дар ин ҳуҷҷати муҳим ормони мардуми тоҷик, суннатҳои таърихии давлатдорӣ ва ғояҳои инсондӯстонаи халқи кишвар инъикос ёфта, он заминаи ҳуқуқиро барои эҳёи сунату анъанаҳои фарҳангӣ ва бузургдошти муқаддасоти миллӣ фароҳам овард.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.