ЗИЁДШАВИИ САФИ АЪЗОИ ҲИЗБ АЗ ҲИСОБИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ

  Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “МНДСЭ-и шаҳри Кӯлоб” бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ хониши сиёсӣ гузаронида шуд.

  Мулоқот бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроия, роҳбари ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Кӯлоб Мунаввараи Бозоралӣ ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Файзуллоев Алишер оғоз гардид.

  Нахуст, Мунаввараи Бозоралӣ дар навбати худ вобаста самтҳои афзалиятноки ҲХДТ суханронӣ намуда, изҳор кард, ки бо мақсади ташаккул додани мафкураи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ пайваста бо табақаҳои гуногуни ҷомеа бо мардум суҳбату вохӯриҳоро дар доираи нақшаи чорабиниҳо баргузор менамояд.

  Дар охир ба ъазои нави ҲХДТ барои ба сафи ҳизб пайвастан шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар фазои тантанавӣ супорида шуд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.