РИОЯИ ҚОНУНИ ТАНЗИМ - ОМИЛИ ПЕШГИРӢ АЗ ЗИЁДАРАВӢ

  Вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сари ҷар” бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб хониши сиёсӣ баргузор карда шуд.

  Дар хониши мазкур Валиева Саъбагул - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сари ҷар” Нозимов Абдулвоҳид иштирок ва ибрози назар намуданд.

  Қайд карда шуд, ки дар зарфи 27 сол таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шарофати заҳматҳои софдилонаи Ӯ дар роҳи таъмн намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.

  Яке аз тадбирҳои муҳиме, аз ҷониби давлату Ҳукумат ва Роҳбарияти олии мамлакат барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум андешида шуд, ин қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад.

  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба хотири ҷилавгирӣ аз хароҷоти зиёдатӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, инчунин, дасти ёрӣ дароз намудан ба ятимому барҷомондагон равона шудааст, гуфта шуд дар идомаи суҳбат.

  Илова гардид, ки бо вуҷуди фаҳмондадиҳиҳои зиёд ҳанӯз ҳам аз ҷониби шаҳрвандон ҳолатҳои риоя нагардидани талаботҳои қонуни мазкур ба мушоҳида мерасад.

  Дар охир даъват ба амал оварда шуд, ки бояд шаҳрвандон бо дарки баланди масъулият тибқи талаботҳои қонуни танзим ҷашну маросимҳои худро доир намояд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.