ИСТИҚБОЛИ 24-СОЛАГИИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

  Дар театри мусиқи – мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бахшида ба 24-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳ бо иштироки раиси шаҳр Абдуалим Исмоилзода, муовинони раиси шаҳр Умед Гуреззода, Сайфиддин Исмоил, Дилшод Осимӣ, Шоиста Абдуназарзода, роҳбари дастгоҳ Ҷумъахон Меҳмондӯстзода ва роҳбарону кормандони ташкилоту муассисаҳо, фаъолони шаҳри Бохтар баргузор гардид.

  Нахуст, раиси шаҳр Абдуалим Исмоилзода суханронӣ карда, ҳамагонро ба ба ин санаи таърихии миллат шодбош гуфт. Изҳор дошт, ки Конститутсия дар таъмини адолати иҷтимоӣ дар ҷомеаи навини Тоҷикистон нақши муҳим бозида, дар таҳкими дӯстию рафоқат, таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ аҳамияти он бузург аст. Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсонро арзиши олӣ ҳисобида, дар ҳалли масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ахлоқии ҷомеа, ҳамчунин ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрвандро ҳимоя менамояд. Ин санад фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлатиро ба низом медарорад. Давлатро масъул мекунад, ки ба халқ шароити арзандаи зиндагӣ ва шароити хуби инкишофи ҳаматарафаро муҳайё созад, озодиву амнияти шаҳрвандонро таъмин намояд. Сокинони шарафманди шаҳри Бохтар бо дарки ин маъниҳои бузург дар атрофи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат муттаҳид гардида, баҳри инкишоф додани музаффариятҳои истиқлолият ҷаҳду талош менамоянд. Самари меҳнати ҳамарӯзаи мардум дар мисоли ободу зебо, шаҳри зебову муосир шудани Бохтар ба назар мерасад. Халқи заҳматқарини шаҳр дар соҳаҳои саноат, сохтмон, хизматрасонӣ,тандурустӣ, маориф, фарҳанг, роҳдорӣ софдилона кор карда, ба масъалаҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ ва бунёдкорӣ аҳамияти даркорӣ медиҳанд. Нақшаи генералии шаҳр қабул гардида, марҳила ба марҳила амалӣ мешавад. Итминон аст, ки то соли 2035 Бохтар ба шаҳри муосир табдил меёбад.

   Дар қисми дигари чорабинӣ барномаи фарҳангии кормандони бахши фарҳанги шаҳри Бохтар, аз сурурду таронаҳои дилнишину баландмазмуни алоқаманд ба мавзӯи Ватан ва Конститутсия пешкаш гардиданд. Ҷашнгирии Рӯзи қабули Конститутсияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд ва хотирмон анҷом ёфт.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.