ТОҶИКИСТОН БОЗ НУРАФШОНТАР МЕШАВАД

 Яке аз ҳадафҳои асосии стратегии давлату Ҳукумат ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ин расидан ба истиқлолияти колими энергетикӣ мансуб меёбад.

  “Он рӯз дур нест, ки дар партави нури Роғун парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол ва тоҷи заррини давлати тоҷикон ҷилои тозае хоҳад гирифт”.

  Аз суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар меояд, ки бо сиёсати дурандешона ва башардӯстонаи худ барои мардуми кишвар ғамхорӣ менамоянд. То имрӯз дар Тоҷикистон роҳҳову пулҳои мошингузар, нақбҳо ва иншооти гидроэнергетикӣ бунёд шудаанд, ки аксари онҳо аҳамияти минтақавӣ доранд ва ба манфиати Тоҷикистону кишварҳои ҳамсоя равона гардидаанд. Ин сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлати Тоҷикистон аз ҷониби сарони кишварҳо эътирофу борҳо қадршиносӣ гардидааст.

  Ҳамагон огоҳанд, ки дар таърихи 29 октябри соли 2016 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худ пушти техникаи вазнин, яъне булдозери вазнин аз соати 10-и субҳ то 11:30 расо якуним соат бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро баста, ба бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ҳусни оғоз бахшид. Ин тадбири муҳим ба хотири вусъат бахшида корҳои созандагию бунёдкорӣ дар ин иншооти стратегӣ Нерӯгоҳи барқи обии Роғун равона шуда буд, ки ҳадаф аз он расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ мебошад.

  Инак, рӯзҳои ба шумор мондааст, ки тавассути дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат агрегати аввали НБО-и Роғун ба истифода дода шавад. Яъне орзуву омоли деринтизорӣ мардуми тоҷик амалӣ хоҳад гашт. Албатта, бо бунёду барқарорсозии ин иншооти муҳиму стратегӣ барои таъмини зиндагии сазовори наслҳои имрӯзу оянда хизмат мерасонад. Он барои рушди иқтисодиёт ва дар маҷмуъ барои пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад. Баъди ба истифода додани нерӯгоҳ имкон аст, ки дар кишвар даҳҳо корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ифтитоҳ ва ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис ёбад. Ва ин иншооти аср - Роғун дар оянда ҳамчун манбаи нур Тоҷикистонро ба ахтари ҳамеша тобон табдил хоҳад дод.

  Барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаи нерӯгоҳ имконият медиҳад, ки эҳтиёҷоти ба барқ доштаи Тоҷикистонро комилан қонеъ карда, барои инкишофи иқтисодиёти кишвар такон бахшад. Нерӯгоҳи барқи обии Роғун аҳамияти на танҳо ҷумҳуриявӣ, балки минтақавӣ низ дорад. Баъди бунёди ин иншооти муҳими гидроэнергетикӣ ва тавассути барномаи КАСА 1000 Тоҷикистон дар оянда ҳамчун як кишвари содиркунандаи нерӯи барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза метавонад кишварҳои ҳамсоя ва минтақаро, аз ҷумла Покистону Афғонистон ва дигар кишварҳоро бо барқи хушсифат таъмин намояд.

Бунёди Роғун армони миллати мост!

Нерӯи он фазояд, нерӯи қудрати мост!

Роғун калиди фатҳ аст, Роғун навиди фатҳ аст,

Боби наве кушояд, дар рушди давлати мо.

  Бояд гуфт, ки дар ин росто Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб миёни табақаҳои гуногуни ҷомеа аз аҳамияти таърихи доштани НБО-и Роғун корҳои тарғиботиро вусъат бахшида, мардумро барои истифодаи босамари нерӯи барқ равона карда истодааст. Оянда низ ин тадбир идома меёбад.

  Хулоса, фардои дурахшони тоҷикистониёну Тоҷикистон аз бунёди НБО-и Роғун вобастагии калон дорад. Роғун ҳамчун кохи азими нур Тоҷикистонро ба зинаи нави тараққиёт мерасонад. Ва Тоҷикистони азиз – Ватани маҳбуби ҳамаи мо аз дида боз нурафшонтар хоҳад гашт.

Валиева Саъбагул Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.