Конститутсия-ҳомии давлату ҷомеа

  Рӯзи  5 октябри соли равон  бахшида ба 24-солагии  Рӯзи Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷашни  пурифтихори дар пеш истодаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори машваратии    Муассисаи давлатии “Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб” конференсияи адабӣ таҳти унвони  «Конститутсия – аз мардум ва барои мардум»  бо гурӯҳи васеъи хонандагон баргузор гардид.

  Пеш аз ифтитоҳи чорабинӣ меҳмонон аз  намоиши  расмдори китобӣ дар мавзӯи “Конститутсия-кафолатномаи зиндагии шоиста” дидан намуданд. Дар намоиш асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамагӣ таҷассумгари таърихи халқи тоҷик дар роҳи ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ  буда, ҷомеаи  моро ба сӯи бунёдкорию созандагӣ даъват намуда, ҷавонони имрӯзаро дар рӯҳияи баланди худшиносию худогаҳии миллӣ тарбия  менамоянд,  дар маърази тамошои хонандагон  гузошта  шуданд.

    Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ корманди китобхона Файзова Садбарг  оғоз намуда, аз ҷумла қайд намуданд, ки ҳар як давлат ба хотири пойдории хеш аз арзишҳои миллиаш баҳраманд аст. Марзи муайян, забон, Парчам, Суруди миллӣ, асъори миллӣ ва Конститутсия аз ҷумлаи ҳамин гуна арзишҳоеанд, ки бақои миллатро муайян мекунанд.      

     Дар рафти конфронс  хонандагон бо қироати шеър, базму суруд хотири ҳозиринро шод намуданд. Дар охир муовини директори китобхона  Абдуллоева Саодат  бо сухани хотимавӣ ба чорабинӣ ҳусни анҷом бахшида, хонандагони фаъолро бо  тӯҳфаҳои хотиравии Китобхона сарфароз гардонид.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.