Конфренсияи назариявӣ-адабӣ бахшида ба  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Дар Раёсати маорифи вилояти Хатлон бо иштироки кормандони масъули он, зерсохторҳо ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бахшида ба 24-умин солгарди рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конфренсияи назариявӣ-адабӣ баргузор гардид.

 Ҷамъомадро муовини сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Сайфулло Лутфуллоев ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо санаи фархундаи қабули Конситутсия табрик гуфт. Мавсуф қайд намуд, ки алҳол дар ҳама мактабҳои вилоят чорабиниҳои гуногун  бахшида ба омӯзиш ва бузургдошти ин ҳуҷати сарнавиштсози миллат сурат гирифта истодаанд.

 Дар рафти конфренсия омӯзгорон Зебонисо Саидова, Рухсора Бобоева,  Ҷӯрабек Аҳадов, Файзиддин Гафоров , Муҳайёи Ҳамид ва дигарон бо маърӯза баромад намуданд.

 Конфренсия дар рӯҳияи  ватандӯстӣ ва ифтихори баланди миллӣ гузашта, иштирокдорони он саршори эҳсоси қаноатмандӣ ва ризоят аз толор берун омаданд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.