ХАР РАФТА МАККАВУ МАДИНА, БОЗ ОМАДА ҲАМОН ХАРИ КАДИМА

  (Дар ҳошияи ривояти  «Хари Даҷҷол» ва  ё сафари аъзои ГМҶ-и ш.Хоруғ ба ш.Душанбе)

Пеш аз он, ки ба асли матлаб бирасем, муҳим аст, муқаддимаи навпойи худро бо гуфтае дар бораи маъниву тафсири полони хар ҳусни матлаъ бахшем, гиреҳ бизанем ва даромезем.  Бо узру маъзарат, ки суханро аз ҳайвоне шуруъ мекунем, ки беозор аст ва меҳнаткаш. Зеро ин пешгуфтор муҳим аст, хеле муҳим аст.

Фарҳангҳои муътабари ватанӣ калимаи «Полон»-ро-туқум гуфтандӣ, афзоре ки ба пушти маркаб, яъне хар барои бор ниҳодан ё савор шудан мегузоранд.

Дар байни абраву астар мебуранд ва пахта гузошта бо ҷуволдӯз калон-калон лаганда мекунанд. Барои захмӣ нашудани пушти маркаб ба астари полон ду болиштак медузанд. Ва шурӯъ мекунанд ба хартозӣ. Навиштаи пойин дар бораи хартозии ГМҶ-и (гурухаки муташаккили чиноятии) шаҳри Хоруғ бо саркардагии Лоло Ёдгоршо Мамадасламов аст (афғонҳо тағоро «лоло» гӯянд, чун ин фард ба он сӯйи дарёи Панҷ рағбати ботинӣ дорад, руҷуъии муаррифии ӯ аз калимаи лоло оғоз ёфт. Дар кӯдакӣ бозие буд бо номи хармурд, як навъи бозии бачагона. Як гурӯҳ бачаҳо рафиқонашонро «хар» карда, ҳама боли ҳам савор мешаванд. Айнан, он чизе ки дар тӯли 27 сол дар баъзе кӯчаҳои Хоруғ мегузашт.

Чун мавзӯи харгариро пайгирӣ намудем, мутолиаамон ба истилоҳи устувори фолклорӣ «Хари Даҷҷол» афтид. Манбаъи он қиссаи диниест дар бораи шахси фиребгар, ки бар пушти хараш хӯрҷине доштааст, ки дар як палаи он оташ (рамзи дӯзах) ва дар паллаи дигараш гул(рамзи биҳишт) ва вобаста аз гароишҳои ботилаш мардумашро ё ба «дӯзах» ва ё ба биҳишт мефиристодааст. Шоирони ҳамин мазмунро дар офариниши симоҳои манфӣ, шахсони золиму зишткирдор (хонда шавад ГМҶ-и Хоруғ) истифода бурдаанд. Масалан, Сайфи Фарғонӣ гуфтааст:

 

Чу ботинро диҳӣ қувват зи баҳри заъфи дини ҳақ,

Ту Даҷчолро дар ин айёму ҷаҳли ту ҳимори ту,

Агар хӯи замон гирӣ в-агар мулки ҷаҳон гирӣ,

Масеҳе ҳам падид ояд, к-аз ӯ бошад димори ту.          

 

Ва боз мегӯянд, ки тарбият ба одами ноаҳл кор намеояд, барои тасдиқи фикр масал истифода мешавад. Ҳангоми таъкид кардани кӯшиш беҳуда дар дигаргун кардани сохтани ҷавҳари касе  ё чизе ба кор меравад:

 

Хари Исо гараш ба Макка баранд,

Чун биёяд, ҳанӯз хар бошад.

 

Қиссае ки манзури хонанда мегардад дар бораи гурӯҳҳои зиддимардумиест дар шаҳри Хоруғ, ки чаппаву харвор тасаввур доранд, ки «Дунё на аз партави Хуршед, балки аз ваъзгӯйии онҳо равшанӣ мекунад». Ки агар Макка раванд боз ҳамон х..-и қадимаанд. Аҷаб!

Ин бозгӯйи сафарномаест, ки бо мутолиаи он, ҳолати фардро ба куллӣ дигар мекунад. Қаҳрамонони он ҳикоя-душманон ва дуздони вақтанд, аниқтараш ибнулвақтанд, аз бинии хеш дуртар оламро надидаанд ва намехоҳанд бубинанд. Сонияҳои гарон ва дақиқаҳои пурамони Бадахшони ҷаннатиро бо аъмоли норавои хеш ба фақри маънавӣ дучор карданд. Ба иборати дигар, инҳо саркардаҳои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғанд, инхо хамон 7 нафаре, ки аз чониби макомоти хифзи хукук 22 октябр нисбаташон огохии расми эълон шуда буд ва онхо тавба карда протоколро имзо карданд.

Аз ин ба баъд, бинобар таблиғи номуносиб дар ВАО аз ном бурдани ҷинояткорони Шошхоруғиву Бархоруғӣ, ки ба ҳама маълуманд, бо инсархам кардан дар назди Қонун шармандаи оламанд, парҳез мекунем.  

Ин бардошт аз сафар, эҳсосу отифаи тағийроти миқдорӣ ба сифатист. Сабабу зуҳурот ва паёмади он, умри ҷиноятпешагӣ ва зарбаи маънавии ҷуброннопазир аз сӯйи гурӯҳакҳои хурд, вале разолатсиришт бо қонунҳои ҷангалӣ мебошанд.

Ин қиссаест дар бораи сафар ба ҷаннатулмакон шаҳри Душанбе он ҳам баъд аз 27 соли дарбадариву хонабасарӣ. Шояд тасаввур шавад, ки аз кишвари хориҷа касе омадааст, на хайр хонандаи гиромӣ ин тавр нест. Ин сафари хонабадӯшони аъзои ҷиноятии Хоруғ ва ҳалқаҳои ба онҳо марбут аз маркази маъмурии ВМКБ ба макони мардумони дилмадор – Душанбеи гулгулшукуфон аст. Ин зодгоҳи мардони қонунмадор ва бовиқори тоҷик аст. Инро мегӯянд макони рифоҳу осоиштагӣ, на чойдоди «сходка»-ву ҷамъоварии силоҳ.   

Ҷойиз ба ёдоварӣ медонем, ки 4 нафар саркардаи гурӯҳакҳои парокандаву  номуташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ  тавба карданд, насиҳат шуниданд, сархам карданд, ба шаҳри Душанбе ба ивази раҳо шудани онҳо аз тафаккури ҷиноятӣ   омаданд.

Боз ҳам шермардони тоҷик, ҳомиёни ҳарфи қонуну ҳуқуқ боз улгуву намоди ҷавонмардӣ нишон доданд, оварданд ин тавбафармоёнро ба ш.Душанбе…

Шоҳидони ҳол,  ҳолати рӯҳии ин хомандешонро, ки мулкро бедарвоза мепиндоштанд, ин тавр тасвир мекунанд. Ба маҳзи даромадан ба ноҳияи  Дарвоз, ГМҶ аз сатҳу сифати сохтмон ва рафти ободкорӣ чунон мафтун шуданд, ки дарк карданд, ки ба ғайр аз Шошхуорғ мулкҳои дигар ҳам ҳастанд.

То Кӯлоб хомӯш монданд, гӯё ки забонашон ях баста бошад. Дар Кӯлоб расиданд, ба таҳлука афтиданд, тасаввур мекарданд, ки зинда мерафта бошанд, зеро мардуми шарифи Хоруғро ҳамин тоифа, нисбат ба ҷойгоҳи муқаддаси  Кӯлоб дар зеҳнашон сӯитафоҳумҳои маҳалгароиро ҷо дода буданд. Ва аз Кӯлоб сахт метарсиданд. Боз ҳамон дастархони боз ва рӯйи кушоди мардуми шарифи шаҳри Кӯлоб, дили хашини ГМҶ-ро об кард. Чун афроди ба афсурдагӣ гирифтор ба гиря даромаданд. Боз тавба… боз пушаймонӣ аз вақти гузашта... аз разилии ботинӣ.  Пешхидмати тарабхонаи Кӯлоб бо муроҷиат ба ин ГМҶ басо нишонрас гуфт:

        

Боз о боз о, ҳар он кас астӣ боз о,

Гар кофару габру бутпарастӣ боз о.

Ин даргаҳи мо даргаҳи навмедӣ нест,

Сад бор агар тавба шикастӣ боз о.

 

Вазъи рӯҳии ин чор нафар, мусофири бахтбаргаштаи ГМҶ баъд аз ин суханони воло чунон вахим ба мушоҳида гирифта  мешуд, ки яке аз умри барбод рафтаву дар роҳи ҷинояткорӣ масрафшуда мегуфт, дигарӣ шевану ноларо ба сомон мебардошт, ки чӣ қадар мо ҷоҳилем, ки дар ин се даҳа монеи рушди Хоруғи ҷаннатмакон шудем, чорумӣ чун ба бемории ҷунунӣ мубталову гирифтор ҳар чӣ ба забон меовард, касе намефаҳмид, чӣ мегӯяд. Афсурдагии равонӣ ҳамаро фаро гирифта буд.  Чун ба фарҷоми қисса мерасем, дарёфтем, ки аз аъзои ГМҶ-и шаҳри Хоруғ дида, хараки бечораро маломату мазамат кардаем. Аз ин лиҳоз,чун ҷуброни гуфтаҳо  ба ин ботилсарони «гмҷ» гуфтанием, ки:

  

Бечора харак, ки бетамиз аст,

Чун бор ҳамебарад азиз аст.

Говону харони борбардор.

Беҳ з-одамиёни мардумозор.

 

Орзу дорем, ки харгариву хартозӣ дар шаҳри Хоруғ ба маҳзи баргаштани ин «саркарда»-ҳои ГМҶ аз Душанбе қатъан бас шавад, такрор наёбад ва мардумозорӣ аз байн равад.

Вале сад афсӯс иттилоте мо дорем аз он иборат аст, ки тинату ботини харгарӣ танҳо бо хун ислоҳу решакан мешавад. Ин экскурсияҳо фиреби назаранд…

Ба мақсади ҳукмфармоии қонун дар Хоруғ ба қисса ҳусни мақтаъ мебахшем.

 

Фарҳод Калонов, зодаи ш.Хоруғ ва сокини ш.Хучанд, аъзои гурӯҳи ҷавонпатриотҳои Точикистон

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.