Пахтакорони Данғара пешсафанд

   То имрӯз се шаҳру ноҳияи пахтакори вилояти Хатлон - Данғара, Бохтар ва Левакант дурнамои имсолаи ҷамъоварии ҳосили пахтаро беш аз сад фисад иҷро кардаанд.

  Шаҳрзод Сафарзода, сармутахассиси шуъбаи растанипарварии Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон зимни тасдиқи ин хабар ба мо гуфт, ки барзгарони ноҳияи Данғара ба андозаи 109,3% шаҳрҳои Бохтар 105,8% ва Левакант 103,2%-и дурнамо пахта чиндаанд.

   Ба қавли Ш. Сафарзода, то рӯзи 30 октябр пахтакорони вилояти Хатлон ҷамъан 162 033 тонна пахта чиндаанд, ки 64,7 дарсади дурнамои солонаро ташкил медиҳад. Дар қиёс бо ҳамин шабу рӯзи соли 2017 дар вилоят ба андозаи 82 ҳазору 215 тонна камтар ҳосил ба даст омадааст.

  Дар маъракаи ҳосилғундорӣ имрӯзҳо барзгарони ноҳияҳои  Кӯшониён (83,3%) Носири Хусрав (81,7%)  Хуросон (73,6%), Ёвон (73,5%), А. Ҷомӣ (70,4%), Панҷ (66,6%), М.С.А.Ҳамадонӣ (66,3%) нисбатан фаъолтаранд, - қайд кард сармутахассиси шуъбаи растанипарварии Сарраёсати  кишоварзии вилоят.- Онҳо ба ҳисоби миёна дар як рӯз 1600-2000 тонна пахта чида, дурнамои солонаи ҷамъоварии «тилои сафед»-ро аз ҳисоби миёнаи вилоят бештар таъмин намудаанд. Имсол дар 19 шаҳру ноҳияи пахтакорони вилояти Хатлон дар майдони 122404 гектар пахта кишт шуда, тибқи дурнамо бояд 250310 тонна «тилои сафед» истеҳсол гардад.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.