Нақши милитсия дар пешгирии зӯроварӣ дар оила

  Рӯзи 30 октябри соли равон дар “Маркази дастгирии бонувон”-и шаҳри Левакант бо иштироки беш аз 30 нафар нозирони минтақавии шаҳру ноҳияҳои Левакант, Бохтар, Кушониён, Вахш, Хуросон таҳти унвони “Мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо дар оила” мизи мудаввар доир гардид.

  Ин чорабинӣ бо ташаббуси филлиали ГОПА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, бо мақсади ошкор кардани сабаб ва шароитҳое, ки боиси содиршавии зӯроварӣ дар оила мегарданд, фаҳмонидани оқибатҳои иҷтимоию ҳуқуқии он, барқарорсозӣ ва таҳкими устувории оила ба роҳ монда шудааст.

  Дар мизи мудаввар иштирокдорон тавонистанд аз баромадҳои Фируза Ҷобирова ва Виорелия РУСУ, ки ташкилоти ГОПА-ро намояндагӣ мекарданд, дар бораи муайян намудани шаклҳои зӯроварӣ, ба қайд гирифтани онҳо, тартиби додани огоҳинома ва амрномаи муҳофизатӣ маълумотҳои мукаммал ба даст оварданд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.