СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ДАР БОБИ ЗАНҲОИ САРВАР

   Тайи ду рӯз боз бо ташаббуси Бахши кор бо занҳои назди макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар толори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, дар доираи ҷамоатҳои деҳот семинари  омӯзишӣ дар мавзӯи «Занҳои сарвар» баргузор гашта истодааст, ки дар кори он бонувони дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти минтақаву вилоят фаъолияткунанда,  иштирок доранд. Дар кори семенари омӯзишӣ муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода  ширкат варзида, оид ба масъалаҳои мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба тафсил изҳори андеша намуданд.

  Бо шунавандагони семинар гурӯҳи мутахассисони Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулиятҳои назарявию амалӣ гузаронида, дар назар аст, ки баъди анҷоми семинар ба иштирокчиёни он сертификат дода мешавад.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.