Вохӯрии кормандони милитсия вобаста ба мавзӯъҳои доғи рӯз

    Масоили вобаста ба пешгирии ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон, тарғиби илмомӯзиву ватандӯстӣ дар байни онҳо ва ба роҳи рост ҳидоят намудани намояндагони ин насли ояндасоз аз вазифаҳои асосии ҳайати шахсии Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳамин аст, ки кормандони ин ниҳод ҳамкориро бо намояндагони касбу кори гуногун тақвият бахшида, дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар суҳбату вохӯриҳо мегузаронанд. Аз ҷумла, чунин як ҷамъомад чанде пеш бо иштироки масъулини шуъбаи ҷавонони Хадамоти мазкур дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и ноҳияи Фархори вилояти Хатлон доир гардид.

   Дар ин вохӯрии кормандони милитсия бо омӯзгорону мактаббачагон, асосан муҳассилини синфҳои болоӣ, инчунин, роҳбарияти ШВКД ва масъулини шуъбаи маорифи ин ноҳияи наздисарҳадӣ иштирок намуда, доир ба таъмини иҷроиши талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҳамчунин, оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Сардори давлат аз баромадашон дар Рӯзи дониш дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва дигар масоили марбут ба таълиму тарбияи ноболиғону ҷавонон ибрози назар карда шуд.
  Дар ин мулоқот дар баробари баррасии масоили васеи марбут ба кору зиндагии ноболиғону ҷавонон, ҳамзамон, созмондиҳандагони он ба масъалаи ҳисси масъулиятшиносии волидон дар тарбияи фарзандон, ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ бо иштироки наврасону ҷавонон, хусусан мактаббачагон, назорати кору фаъолият ва рафтору кирдори ҳаррӯзаи онҳо ва мустаҳкам намудани робитаи тарафайн миёни мактабу оила ва мақомоти корҳои дохилӣ низ дахл намуданд.

  Тавре дар ин мулоқот қайд карда шуд, ҷой доштани ҳолатҳои муноқишаҳои байнимактабӣ ва иштироки баъзе ҷавонони тоҷик дар муноқишаҳои мусаллаҳонаи кишварҳои хориҷӣ воқеан боиси нигаронии аҳли ҷомеа гардидаанд. Зикр карда шуд, ки тоҷикон миллати дорои таърихи куҳан ва фарҳангу адабиёти оламшумул мебошанд, аз ин рӯ, даст задани ноболиғону ҷавонони тоҷик, ки ояндасозони миллати мо мебошанд, ба чунин амалу кирдорҳои ношоиста ба мақому мартабаи миллат ва давлати ҷавони мо дар арсаи ҷаҳонӣ иснод меорад.
   Дар ин вохӯрӣ баромадкунандагон оид ба амалҳое, ки боиси доғдор гардидани рӯзгори минбаъдаи насли наврас шуда метавонанд, изҳори андеша намуда, аз хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15-и ноҳияи Фархор даъват ба амал оварданд, ки аз ҳар лаҳзаи мактабхонӣ самаранок истифода намуда, баҳри азхуд кардани илму донишҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд.
   Дар интиҳои ин вохӯрӣ зикр карда шуд, ки чунин чорабиниҳо дар асоси дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва дар доираи нақша-чорабиниҳои якҷояи Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ гузаронида шуда, мақсад аз онҳо тарбияи хонандагон дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ мебошад.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.