Натиҷаҳо назаррасанд

  Тибқи Нақшаи тасдиқнамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатон рӯзи 12-октябри соли ҷори дар толори маҷлисгоҳи Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, бо иштироки намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Исматулло Каримов, мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят, кормандони дастгоҳи сардори раёсат ва зерсохторҳои он  ҷаласа доир гардид.

 Сардори Раёсати маорифи вилоят Диловаршоҳ Исоев оид ба фаъолияти Раёсат дар 9 моҳи   сипаригардида ҳисобот дода, қайд намуд, ки нишондиҳандаҳоямон дар олимпиадаҳои фаннӣ, даставӣ, байналмилалӣ, иштироки хонандагон духтарон пас аз хатми синфи 9 паст гардидани сафи ҷинояту ҷинояткорӣ аз тарафи ноболиғон, таъмин бо ашёҳои хониш, сохтмони мактабҳои нав, синфхонаҳои иловагӣ, таъмин бо мизу курсии талабагӣ, тахтаҳои синфӣ ва ғайраҳо беҳтар гардида бошад ҳам, ҳанӯз дар бархе аз муассисаҳои таълимӣ хонандагон дар се баст гузаронида мешавад. Сатҳу сифати таълим низ пурра қаноатмандкунанда нест.  Аз қисме аз ноҳияҳо дар олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ягон нафар хонанда ширкат наварзидааст. 

 Пас аз баромади сардори раёсат мудирони шуъбаҳои шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Ёвон, Хуросон, Вахш, Восеъ, Ҳамадонӣ, Ҷ.Балхӣ ба музокира баромада, фаъолияти раёсатро дар 9 моҳи сипаригардида қаноатбаш арзёбӣ карданд.

 Дар охир намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Исматулло Каримов баромад карда, баҳри ислоҳи камбудию норасогиҳои ҷузъӣ дастуру маслиҳатҳо дод.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.