Озмуни стипендяи Кумитаи ҷавонони вилоят баргузор гардид

  Бо мақсади иҷрои босифат ва самараноки Низомномаи стипедияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола барои дарёфти донишҷӯёни фаъол ва болаёқати муасиссаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ баргузор мешавад, дар Раёсати кор бо ҷавонони вилояти Хатлон озмуни стипендияи Кумита дар таърихи рӯзи 6-уми октябри соли 2018 доир гардид. Дар озмуни мазкур довталабон аз муассисаҳои олии шаҳру ноҳияҳои ҳудуди вилояти Хатлон иштирок доштанд. Озмун дар ду давр-даври аввал навиштани ишно бо пешниҳоди 3 мавзуъ: «Ҷавонон- пайрави Пешвои миллат», «Истиқлолият пойдевори комёбиҳо» «Об  сарчашмаи ҳаёт» ва даври дуюм супоридани тестҳо аз фанҳои таърих, ҳуқуқ, забонҳои русӣ, англисӣ шуда гузашт. Дар натиҷа аз 24 довталабе, ки иштирок доштанд, беҳтаринҳо муайян гардиданд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.