Дастовардҳои соҳаи тандурустӣ дар вилояти Хатлон назаррас аст

  Чанде қабл дар толори маҷлисгоҳи Беморхонаи клиникии ба номи Воҳидов, воқеъ дар шаҳри Бохтар вобаста ба ҷамъбасти фаъолияти Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва зерсохторҳои он ҷиҳати ҷамъбасти фаъолияти соҳа дар 9 моҳи соли 2018 ва тартиб додани нақшаҳои минбаъдаи соҳавӣ ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

  Рафти баргузории чорабинии мазкурро Мирҳумиддин Камолзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ намуда, дар кори он Махфират Хидирзода, муовини раиси вилояти Хатлон, Саъдулло Маллазода, сардори Раёсати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, роҳбарият ва намояндагони муассисаҳои зертобеи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иштирок намуданд.

  Дар рафти баргузории ҷамъомад зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ кормандони Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати иҷрои дастур ва супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва глобалии замони муосир, инчунин ҷиҳати устувории заминаҳои моддию техникии иншооти тандурустӣ, дастрасии аҳолӣ аз хизматрасонии сифатноки тиббӣ ва таъмини амнияти санитарии қаламрави вилоят пайваста тадбирҳои судманд анҷом дода, дар ин самт ба як қатор дастовардҳо низ ноил гаштаанд.

  Бунёд гардидани як қатор бунгоҳҳои тиббӣ дар вилоят, ба қадри зарурат таъмин гардидани муассисаҳои тандурустӣ бо лавозимоти тиббӣ ва таъмини кадрӣ яке аз дастоварди соҳа дар ин давра ҳисобида мешавад.

 Ба роҳ мондани усулҳои нави ҷарроҳӣ дар муассисаҳои тандурустии вилоят, таъмиру тармим гардидани беморхонаҳо, зиёд шудани марказҳои хусусии тиббӣ ва татбиқи ҳукумати электронӣ дар муассисаҳои тибби вилоят дастовардҳои дигари Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар давраи ҳисоботӣ дониста мешавад.

  Дар охири ҷаласа вобаста ба ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар соҳа ба роҳбарони муассисаҳои тандурустии вилоят, менеҷерони сохтори госпиталӣ ва шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳои вилоят дастур ва супоришҳои мушаххас дода шуд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.