ВОХӮРИИ СУДМАНД БО МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ

  Дар толори Кохи ватани шаҳри Бохтар Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар вохӯрӣ баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати вилояти Хатлон Маҳмудҷон Хоркашов ва намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва наздикону пайвандони онҳо гузаронида шуд. Илова бар ин, дар вохӯрӣ муҳасилини литсейи касбӣ техникии шаҳри Бохтар ширкат доштанд, ки аксаран нақшаи ҳунаромӯзӣ ва сафар ба хориҷи кишварро доранд.

 Маҳмудҷон Хоркашов зимни баромад изҳор дошт, ки яке аз ҳадафҳои асосии баргузории ҷамъомад ин баланд бардошитани донишу фаҳмиш ва маълумотнокии ҷавонон, муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад. Ѓайр аз ин пешгирӣ кардани шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, дур кардан аз дастзанӣ ба амалҳои номатлуб ва ҷинояту ҷинояткорист. Гуфта шуд, ки қисмате аз ҷавонони роҳгум зимни муҳоҷирати меҳнатӣ ба фиреби тарғиботчиёни гурӯҳҳои ифротӣ бовар карда, худро ба нестӣ мебаранд. Ҳар нафаре, ки муҳоҷир шудан мехоҳанд, бояд пешакӣ омода шаванд. Дорои касбу ҳунар гашта, забони кордиҳандаро русӣ ё англисиро аз худ кунанд. Як ҳунар доштан ё забоне донистан ин муваффақиятро ба таври комил ба даст овардан нест. Бояд, ки мо аввалан фаҳмиши баланд дошта бошем. Бадро аз нек фарқ карда тавонем. Роҳи дурустро аз роҳи бад ҷудо намуда тавонем.

  Маҳмудҷон Хоркашов илова намуд, ки дар маркази вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар Раёсати Хадамоти муҳоҷират фаъолият карда, ҳамарӯза ба мардум хизматрасонӣ мекунад. Ҳамзамон дар шаҳри Бохтар бахши Хадамоти муҳоҷират фаъолият намуда, ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва наздикони онҳо кӯмак мерасонад. Агар таҳлил намоем нисбат ба солҳои қаблӣ фаҳмиш ва дониши муҳоҷирони меҳнатӣ то андозае баланд гардидааст ва дар бораи Хадамоти муҳоҷирати меҳнатӣ ва қонуну қоидаҳои он маълумот доранд. Медонанд, ки Хадамоти муҳоҷират ба кӣ ва чи гуна хизматрасонӣ мекунад.

 Сипас, намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар баромад карда, хусуси таваҷҷуҳи давлату ҳукумат ба муҳоҷирони меҳнатӣ, шароиту имкониятҳои муҳаёгардида, дастгирии муҳоҷиршавандагон дар шаҳр ва наздикони онҳо суханронӣ карданд.

  Дар қисмати охир изҳор гардид, ки дар дилхоҳ маврид Хадамоти муҳоҷират омодааст то ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва наздикони онҳо кумак расонад.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.