Ҷашни Фалак дар шаҳри Кӯлоб

 Рӯзи 10-оятябр дар қасри Фарҳанги шаҳр Кӯлоб ҷиҳати таҷлили Рӯзи фалак ҳунармандону фалаксароён, навозандагони найю  ғижжак,  думраву дутор  ва ҳаводорони ин ганҷинаи бебаҳо  ҷамъ омаданд.

 Маҳз заҳматҳои ҳунармандони фалаксаро ва дустдорону ҳаводорони он буд, ки  ин мероси фарҳангиву таърихии халқи тоҷик то ба имрӯз ҳифзу нигаҳдорӣ шуда истодааст.

  Соли 2003 ҷиҳати  ҳифз ва нигаҳдорӣ  қарор додани мероси фарҳангии ғайримоддӣ аз ҷониби ЮНЕСКО Конвенсия қабул карда шудааст,ки ҳадафи асосии он нигаҳдошт ва  эҳтироми  мардум дар ҳифзи ин мерос мебошад.

  Мусиқии Фалак  аз насл ба насл омада таърихи хеле қадима дорад. Дар навбати худ мусиқии Фалак бо мурури замон такомул ёфта, хусусиятҳои тоза касб намудааст.

  Фалак  мисли  дигар ҳунарҳои  асил  ниёз ба  забон, миллат  ё мазҳаб  надорад. Онро  ҳама мефаҳмаду  мешунавад  ва дарк  мекунад.

  Тавлидгоҳи Фалак аслан кӯҳистони Хатлон ва бахусус Кӯлоб  аст. Бояд зикр намуд, ки дар муаррифӣ намудани жанри Фалак ва рушд додани он ҳамчун як намунаи санъати мусиқии умумимиллӣ саҳми фалакхонони беҳтарини кулобӣ Одина Ҳошим, Гулчеҳра Содиқова, Давлатманд Холов, Сурайё Қосимова, Бобоҷон Азизов, Ҳотам Юнусов, Ҷиён Муродов, Муродмад Раҳимов, Бобои Сайдалӣ, Фахриддини Шакур, Махмуд Султон, Бобои Раҷабмад, Абдурауф Султон,  Қорӣ Мадохир, Нуроншо Латифов , Ҷумахон Сафаров, Нуриддин Темуров  ва дигарон хеле барҷаста мебошад.

 Дар шаҳри Кӯлоб ансабли «Фалак»-ро ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Нурулло Холов ба уҳда доранд, ки дар аксари чорабиниҳои шаҳриву вилоятӣ ва умумиҷумҳуриявӣ ширкат меварзанд.

 Дар чорабинии «Рӯзи фалак» роҳбарияти шаҳр, собиқадорон ва меҳмонон аз мусаварраҳои академик Ҷонибек Асозода дидан намуданд. Мусаввир асосан дар тасвирҳои хеш ҳунармандони фалаксарои шаҳри Кӯлобро  рӯи коғаз овардааст, ки имрӯз миёни мардум  нестанд, вале фалаксароии онҳо барои насли ҷавон ҳамчун дарси  омӯзиш боқӣ хоҳад монд.

  Муовини раиси шаҳри Кӯлоб Исмоилзода  С  ҳозиринро бо Рӯзи Фалак муборакбод намуда, аз таърихи  Фалак ёдрас гардид ва таъкид дошт,ки бо шарофати Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2004 то инҷониб ҳамасола 10 октябр ҳамчун «Рӯзи Фалак» ҷашн гирифта мешавад. Ин тадбир барои худшиносии миллӣ, рушди ин жанри мусиқии суннатӣ, эҳё ва ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ва бадеии миллати тоҷик мусоидат мекунад.

 Барномаи консертии ҳунармандонди шаҳри Кӯлоб  таҳти унвони «Рози Фалак» бахшида ба Рӯзи Фалак  бозгӯкунандаи  розу ниёзи мардум, ишқу муҳаббат  ва ваҳдату меҳанпаастӣ буд. Ахли толор низ дар фазои сулҳу субот ба шӯру шавқ омада   аз ҷой бархоста мерақсиданду шодмонӣ мекарданд.

Ҷашни  Фалак дар шаҳри Кӯлоб ба рӯзи  шодмонии иштирокдорони ин ҳамоиши  фарҳангӣ  мубаддал гардид.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.