ТАНТАНАИ ИДИ МЕҲРГОН ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

  Дар гулгашти «70 солагии водии Вахш»-и шаҳри Бохтар яке аз ҷашнҳои қадимаи мардуми тоҷик- иди Меҳргон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Дар таҷлили ҷашни Меҳргон раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ, муовинони раиси вилоят, раисони  шаҳру ноҳияи вилоят Вазири кишоварзии ҷумҳурӣ С. Иззатӣ, меҳмонон ва сокинони шаҳри Бохтар иштирок доштанд.

 Сараввал раиси вилояти Хатлон ва ҳамроҳонаш аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва дастранҷи деҳқонону боғдорони шаҳру навоҳии вилоят дидан карданд. Сипас, раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшо Қурбоналӣ ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми мардуми вилоятро бо ин ҷашни пуршукуҳ, ки воқеан ҳам дар солҳои соҳибистиқлолӣ дигарбора эҳё ва умумихалқӣ гардидааст, табрик намуд. Мавсуф изҳор намуд, ки кишоварзони вилоят пурмаҳсул меҳнат карда ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида бозорҳои ноҳия, вилоят ва ҷумҳуриро ба маҳсулоти тару тоза ва босифат таъмин менамоянд. Ҷашни Меҳргон як навъ ҷамбасти меҳнату заҳмати марди деҳқон аст.

  Бояд гуфт, ки озмуни вилоятии «Иди асал», «Иди харбуза» ва «Оши палав» хеле шавқовару пурмазмун гузашт. Ҳайати ҳакамон ба асалпарварони ноҳияи Данғара ҷои аввалро муносиб донистанд. Асалпарварони ноҳияҳои Мӯъминобод ва Ховалинг мутаносибан ҷойҳои дуюм ва сеюмро ишғол карданд. Кишоварзони вилоят ба озмуни «Иди харбуза» беҳтарин навъҳои харбузаҳои маҳаллиро пешкаш намуданд. Баъди таҳлилу баррасиҳо маълум гардид, ки полезкорони ноҳияи Ҷайҳун ба ҷашни Меҳргон бо тайёрии пухта омада, сазовори ҷои аввал дониста шуданд. Намояндаҳои ноҳияҳои Вахшу Панҷ ҷойҳои дуюму сеюмро бо ҳам диданд. Дар озмуни «Оши палов» ошпази ноҳияи Ёвон ҷои аввалро гирифт. Ҷойҳои дуюму сеюмро ошпазҳои ноҳияҳои Кӯшониёну Ҳамадонӣ ишғол карданд. Ба ғолибони озмун дар вазъияти тантанавӣ мукофотпулиҳои таъсиснамудаи ҳукумати вилояти Хатлон супурда шуд. Ҳамчунин барои иштироки фаъолона дар ҷашнвора мақомотҳои ҳокимияти маҳаллии давлатии 14 шаҳру ноҳия бо сипосномаи раиси вилоят қадр карда шуданд.

  Хотири ҷамъомадагонро санъаткорони шуъбаҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои вилоят бо рақсу сурудҳои дилошӯб шод гардонданд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.