Озмуни вилояти таҳти унвони “Сад ранги чакан”

  Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 22 декабри соли 2017 дар Паёмашон соли 2018-ро «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон доштанд ва ба хотири арҷгузорӣ ба расму ойинҳои миллӣ, мероси ниёгон, анъанаҳои миллии мардуми тоҷик, боло бурдани эҳсоси ифтихори миллӣ миёни бонувону ҷавондухтарони тоҷик ва густариши маънавиёти ҷомеа озмуни вилоятии «Сад ранги чакан»-ро бо фарогирии занону духтарони шаҳру ноҳияҳои вилоят дар ду давра эълон намуд.   

  Даври аввали озмуни мазкур дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ва даври дуюми озмун моҳи ноябри соли 2018 дар маркази шаҳри Кӯлоб ҷамъбаст мегардад.

  Озмуни вилоятӣ таҳти унвони «Сад ранги чакан» бо мақсади тарғиби либоси миллӣ ҳамчун рукни муҳими фарҳанги миллати тоҷик роҳандозӣ карда мешавад.

 Мақсади асосии баргузории озмуни вилоятӣ таҳти унвони «Сад ранги чакан» баланд бардоштани мақому манзалати ҳунари чакандӯзӣ, тарғиби ҳунари чакандӯзии миллии занон ва ҷавондухтарон, намоиш додани ҳунари волои тарроҳон ва густариши санъати баланди чеварон-дӯзандагони чакану қаламкашони моҳири чирадаст мебошад.

  Шартҳои озмуни мазкур: намоиши дастовардҳои чевари чакандӯз, теъдоди шогирдоне, ки тарбия кардааст, инъикоси нақшу нигори миллӣ дар либоси муосир ва таҷассуми тахайюлоти озоди тарроҳ дар либоси чакан.

  Намоиши қисматҳои озмун: қисмати либосҳои кӯдакона, маросимӣ, қадима, замонавӣ, расмӣ ва молу маҳсулоте, ки дар онҳо аз нақши чакан истифода шудааст.

 Дар қисмати ҷамъбастии Озмуни вилоятӣ таҳти унвони «Сад ранги чакан»-ро мутахассисони соҳа баҳогузорӣ  намуда, ғолибони озмун, беҳтарин чеварон, тарроҳон бо туҳфаҳо ва сипосномаҳо сарфароз гардонида мешаванд.

  Рӯзи 10 октябр дар шаҳри Норак озмуни шаҳрӣ бо фарогирии занону духтарон баргузор карда шуда, дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят идома дорад.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.