ҲОСИЛИ ФАРОВОНИ ПАХТА ВА ҚАДРДОНИИ ПАХТАКОРОНИ ПЕШСАФОН ДАР ШАҲРИ БОХТАР

  Дар ҷаласаи назоратии раиси шаҳри Бохтар ҳосилғундорӣ ва иҷроиши нақшаи пахта мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Дар раванди ҷаласа чанде аз роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии пешсафро, ки алакай нақшаро барзиёд иҷро кардаанд, раиси шаҳри Бохтар Абдуалим Исмоилзода бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонид. Гуфта шуд, ки имсол пахтакорони Бохтарӣ фаъолӣ нишон дода, пешакӣ нақшаро барзиёд иҷро намуданд ва ғундоштани ҳосили пахта ҳамоно идома дорад.
Ин ҷо роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии М.Турсунзода, Ғайрат ва Наврӯз мукофотонида шуданд.
  Хоҷагии деҳқонии Турсунзода аз 58 гк пахта иборат буда, имрӯз нақшаро 103,4 фисад иҷро намуд, 133 тонаро ташкил медиҳад. Хоҷагии деҳқонии Ғайрат 104 фисад нақшаро иҷро кард ва имрӯз чиниши ҳосили пахта идома дорад. Хоҷагии деҳқонии Наврӯз 38,5 гк –ро ташкил дода, нақшаро 103 фисад иҷро кард.
  Илова бар ин, чанде аз хоҷагиҳои деҳқонии дигар низ низ пешсафи нишон дода нақшаро иҷро карда истодаанд. Барои пешсафӣ ва ҳосили хуб раиси шаҳр ба хоҷагидорон ва кормандони онҳо изҳори миннатдорӣ намуд. Ба роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ифтихорнома супорид, ки ин хоҷагидоронро ҳавасманд мегардонад.
Ғайр аз ин, қисмате аз кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар  бо ордери хизматӣ ва мукофот сарфароз гардонида шуданд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.