ДАР БАЛҶУВОН МАЪРАКАИ ОБУНА  НАМУНАВӢ БА РОҲ МОНДА ШУДААСТ

  Чун солҳои қаблӣ дар ноҳияи Балҷувон маъракаи  обунашавӣ ба маҷаллаю рӯзномаҳо ба таври намунавӣ ба роҳ монда шудааст. Айни замон шаҳрвандони он ба андозаи 61,7 фисади нақшаи пешбинишуда ба рӯзномаю маҷаллаҳои расмии кишвар обуна шудаанд, ки рақами мазкур дар  миёни шаҳру навоҳии минтақаю вилоят, нишондоди баланд ва  намунавӣ маҳсуб меёбад.

  Мо мақсад дорем, ки барои соли 2019 ба рӯзномаю маҷаллаҳои расмию соҳавӣ ва озоду ғайридавлатӣ бештар дар нисбати соли 2018  обуна шавем, гуфтанд дар сӯҳбат сардори шуъбаи алоқаи ноҳия Дилшод Гулов.

  Ҳамзамон ёдовар мешавем, ки ин маъракаи муҳим дар ноҳияҳои дигар минтақа, ба амсоли  Восею Мӯъминобод ва Шамсиддин Шоҳид ҷавобгӯи рӯз нест, зеро нишондодҳои ноҳияҳои номбурда аз 7 то 14 фисадро ташкил менамояд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.