Суханронии раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ дар таҷлили «Рӯзи Фалак»

Ҳамдиёрони азиз!

Меҳмонони мӯҳтарам!

 Имрӯз миллати тоҷик хушбахтарин миллат аст, ки бо адабиёт, фарҳанг ва таъриху тамаддуни худ ба оламиён муаррифӣ гардидааст.

  Фалак, ки суруду оҳанги машҳури мардуми тоҷик мебошад, дар асрҳои 9-10 пайдо шуда, хушбахтона то ба мо омада расидааст.

  Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2007-ум бо мақсади ҳифзи мероси бадеию фарҳангии халқ ва рушду такомули ҳунари фалаксароӣ 10-уми октябр «Рӯзи Фалак» эълон гардид, ки ҳамасола дар сар то сари кишвар ҷашн гирифта мешавад.

  Фалак-мусиқии суннатии шифоҳии мардуми тоҷик буда, дар давраи мавҷудияташ ҳамчун ифодагари розу ниёз, талабу хостаҳои мардумӣ иҷро гардидааст.

  Фалак бештар дар ноҳияҳои кӯҳистон маъмул буда, дар тӯли асрҳо марди кӯҳистонӣ аз мушкилот, гирудори нобасомониҳои рӯзгор ба танг омада, рӯ ба кӯҳсор овардаву аз таҳти дил фарёд зада, ба ин васила дарду ғам ва розу ниёзи худро ба осмонҳову офаридгори оламу одам ифшо мекард.

   Аввалин нишонаҳои суруди фалак бо адабиёти суфия ҳамоҳанг буда, дар эҷодиёти Абусаиди Абдулхайр, Бобо Кӯҳӣ, Боботоҳири Урён ва дигарон ба мушоҳида мерасад, ки онҳо, дар гуфтугӯ бо худо ва дар намозгоҳҳои худ бо овози баланд ояту ҳадисҳои Қуръонро мехонданд.

   Донишманди асри 10 Фахридини Марвӣ овардааст, ки «Мардуми атрофи Хуросон бештар вақтҳо аз хондани лаҳнҳои порсии омехтаи туркӣ парҳезӣ буданд ва гоҳо аз шунидани бархе аз ин гуна сурудҳо нанг карда, рӯ ба сурудҳои кӯҳистон овардаанд.

   Ин кор то ба ҷое оварда расонид, ки суруди фалаки Ятими Хатлонӣ пайки пиру барнои Хуросон гашт ва онро ҳар кас ба таври хеш мехонд.

  Ин суруди кӯҳистони Машриқ то бадин аҳд бо номи «Фироқномаи Юсуф», «Ҳаҷри Яқуби Канъон», «Нолаи малакут», «Нидои ҳокиён», «Фарёди ҷудоиҳо» ва «Розҳои ногуфта» дар забони мардум бимонд» 

  Вақте ки садои мусиқии фалак танинандоз мешавад, гаронмоягии созу навои Борбад, ҳикмати шеъри Рӯдакӣ, мувозинати томи савту калом ва пайвастагии он бо коинот эҳсос шуда, фалсафаи ин жанр пеши рӯ ба ҷилва меояд, ки дар тӯли қарнҳо ифодагари розу ниёз ва шукронаву эътирози инсон дар домони фалак аст.

  Маҳз аз ҳамин нуқтаи назар, бо баҳисобгирии манфиатҳои миллӣ ба хотири эҳёи хотираи таърихӣ ва дарёфти асолати комили миллӣ иқдоми Пешвои  миллат дар ин бобат басо арзишманд ва шоиста буда, на танҳо барои мардуми Тоҷикистон, балки барои мардумони тамоми дунё аҳамиятнок ба назар расида, дар баҳамоиву наздикшавии фарҳангҳо, халқҳо ва давлатҳо хизмат мекунад.

 Инчунин, ташаббуси кишвари мо дар раванди инкишофи фарҳанги миллӣ ба инкишофи санъату фарҳанги миллии дигар кишварҳои минтақа мусоидати том дошта, метавон хулоса кард, ки Фалак на танҳо дастоварди фарҳангии тоҷикон, балки дастоварди фарҳангии аҳли башар мебошад.

Дар Тоҷикистони азизи мо  дар тӯли таърих ҳамеша ба Фалак ва фалаксароӣ арҷ мегузоштанд.

 Чунки мактаби фалакхонӣ дар ин сарзамин решаҳои амиқ дошта, то замонҳои қадим рафта мерасад ва мутрибону сарояндагони ин сарзамин дар маҳфили фарҳангиёни ҷаҳон ҳамеша мавқеи пешоҳангӣ доштанд.

  Ин аст, ки имрӯз низ ҳавзаҳои фалакхонӣ дар Ҳиндустон,  Афғонистон, Эрон, Туркия ва ғайра дар асоси мактаби фалакхонии Тоҷикистон ташаккул ёфта истодаанд.

 Зеро, дар мо мактабҳои фалакхонии Хатлон, Суғд, Бадахшон ва Рашту Ҳисор арзи вуҷуд дошта, новобаста бо тафовутҳои сабуку услуби иҷро мазмуну мундариҷаи ягона доранд.

  Масалан, тарзи иҷрои фалаки даштӣ, Фалаки роғӣ дар Хатлону Бадахшон бештар маъмул буда, сабуки фалакхонии водии Рашт, Суғду Ҳисор хусусиятҳои фарқкунанда доранд.

Вале дар маҷмӯъ ҳамаи ин мояи ифтихори мо ва рушду такомули жанри Фалак дар замони муосир гардидааст.

  Ин хусусиятҳоро ба ҳисоб гирифта, давлат ва ҳукумати мамлакат фалаксароёни машҳури тоҷик  Сайидалӣ Вализода, Ҳошими Қосим, Махсуми Шакур, Бобохалил, Карими Шиш, Акашариф Ҷӯраев, Одина Ҳошим, Давлатманди Хол, Гулчеҳра Содиқова, Маҳмадалӣ Аюбӣ, Сафар Муродов, Сафар Қодиров, Муродмад Раҳимов, Файзалӣ Ҳасанов ва дигаронро, ки дар қарни бист ва ибтидои асри 21 дар инкишофи фалаксароӣ ҳисса гузоштаанд, қадрдонӣ намуд.

 Жанри фалак аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё гардид, ки  ба хотири пайвастани арзишҳои маънавии гузашта ва имрӯза, рушди фарҳанги миллӣ дар замони оянда мебошад.

 Анъанаи эҷодию иҷрои фалаксароӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов мавриди тадрису омӯзиш қарор гирифта, устодону донандагони мардумии ин жанри шеърию мусиқии халқамон ба насли ҷавони ҳунармандон сирри нозукиҳои онро меомӯзонанд.

  Дар вилоятамон бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо қарори раиси вилояти Хатлон аз 10-уми марти соли 2004 дар назди Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ансамбли «Фалак» ташкил карда шуд, ки  имрӯз фаъолияти пурсамар дорад.

  Итминони комил дорам, ки бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо жанри мусиқии суннатии миллӣ рушду нумӯъ ёфта, таҳкимбахши фарҳанги миллӣ мегардад.

  Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар санаи фархундаи «Рӯзи Фалак»-ро ба ҳамаи Шумо, ҳамдиёрони азиз, муборакбод гуфта, бароятон хушбахтию шодкомӣ ва саодати рӯзгорро таманно менамоям.

Ташаккур!

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.