НИГАҲДОРИИ ОСУДАГИВУ СУБОТИ СИЁСӢ ВАҲДАТУ ЯКПОРЧАГӢ ВАЗИФАИ АВВАЛИНДАРАҶАИ МОСТ

 Бо мақсади иҷрои нақша бобати баргузории вохӯрию мулоқот дар деҳаю маҳаллаҳо ва ташкилоту муассиса дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии  “Асъор” хониши сиёсӣ доир гардид.

  Дар рафти он раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул ва вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб Қурбонзода Наргис иштирок ва суханронӣ намуд.

 Ҳангоми суханронии худ Валиева Саъбагул қайд кард, ки Мо дар замони хеле мураккабу печида, дар айёми пурҳаводису пурихтилоф, дар овони муборизаҳои шадиди абарқудратҳои чаҳон ва дар марҳилаи тазодбори талошҳои идеология глобали зиндагӣ ва фаъолият дорем. Дар чунин вазъият ба моҳияти вокеият саривакт сарфаҳм рафтану бо роҳи рост қотеъона қадам гузоштан, ҳушёриву зиракии ҳамешагӣ мехоҳад. Терроизм, ифротгароӣ ва амалиёту ҳаракатҳои тундраву хиёнатпеша дар ҷаҳони муосир пайваста кӯшиши доман паҳн намудан доранд. Яке аз муҳимтарин воситаҳои ҳимояи аз доми фиреби ин неруҳои тахрибкор таквияти тарбияи ватандӯстӣ ва ватанпарварист. Бо ин мақсад Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб тасмим гирифтааст, ки тавассути хонишҳои сиёсӣ маълумотнокии табақаҳои гуногуни ҷомеаро аз хатарҳои терроризму экстремизм зиёд намояд.

  Қурбонзода Наргис зимни ин гуфтаҳо илова намуд, ки ба ҳамаи мардуми шарифи Тоҷикистон маълум аст, ки имрӯзҳо гурӯҳҳои ифротӣ дар ҳудуди давлатҳои арабитабор ба чи гуна кирдорҳои сангин даст зада истодаанд. Гурӯҳҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки нисбат ба давлату миллати мо нигоҳ нек надошта, ҳатто барои низо андохтан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон талошҳо карда истодаанд. Аз ин лиҳоз ҳамаи волидайнро зарур аст, ки тарбияро аз худи оила оғоз намуда, фарзандонро дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия намоянд. Дар ин маврид, мо метавонем пеши роҳи чунин нобасомониҳоро гирифта, сабабгори он гардем, ки ҷавонон фирефтаи даъватҳои бардуруғи гурӯҳҳои ифротӣ нагарданд.

 Дар фарҷом ба аъзои фаъоли ҲХДТ дар ин ташкилоти ибтидоӣ, ки барои рушти устувори иқтисодӣ саҳми арзанда гузоштанд, бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардиданд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.