СИТОД ОИД БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ

  Дар толори хурди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар таҳти роҳбарии муовини аввали раиси шаҳри Бохтар Умед Гуреззода Ситод оид ба зимистонгузаронӣ доир шуд. Дар он намояндагон аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, роҳбарони ташкилоту муассиса ва корхонаҳои шаҳрӣ ширкат намуданд. Меҳмонон аз вазъи омодагӣ ба зимистони дар пешистода пурсон шуда, ба ҳар як ташкилоту муассиса дар алоҳидагӣ диққат доданд. Ин ҷо гуфта шуд, ки ҳар даҳрӯза бо супориши раиси шаҳр Ситод оид ба зимистонгузаронӣ гузаронида шуда, кори ҳар як идора дар ин самт мавриди таҳлил қарор мегирад. Ҳамзамон гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ташкилоту муассисаҳоро мавриди санҷиш қарор дода, мушкиливу норасоиҳоро ошкор карда, аз вазъи он ба раиси шаҳр ахборот медиҳад. Ба ин хотир имрӯз ҳар як идораи шаҳрӣ бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда барои зимистони солҳои 2019-2020 омодагӣ дида истодаанд.
  Баҳри бо сифати баланд ва дар сатҳи зарурӣ иҷро намудани нақша ва омодагии ҷиддӣ дидан ба зимистони дар пешистода дастуру супориш ва маслиҳатҳо дода шуд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.