УМРИ ДУБОРАИ ТАЪЛИМГОҲ

  Бинои  муассисаи таҳсилоти умумии рақами 2-и ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ, ибтидои солҳои ҳафтоди асри сипарӣ қомат афрохта буд.Тӯли ин солҳо болопӯшу дохили он фарсудаю корношоям гардида, вазъи ба миён омада ба ҷараёни таълиму тарбияи толибилмон таъсири манфӣ мерасонд. Мутаассифона бо гузашти  солҳои тӯлонӣ ва даву ғеҷи сарварони мактаб, имкони таъмири асосии бино  даст намедод.

  Хушбахтона бо ибтикори Вазорати маориф ва илми кишвар охири моҳи июни соли ҷорӣ таъмири асосии мактаб оғоз гардид ва бинои асосию саҳни пеши он ба таври замонавӣ таъмиру таҷдид гардид. Ва ҳоло корҳои сохтмонӣ дар қисмати дуюми бино бо суръату сифати баланд пеш меравад. Дар назар аст, ки онро сохтмончиёни ширкати «Ниагара» моҳи оянда ба ихтиёри толибилмони муассисаи мо медиҳанд. Аҳли муассиса, ба хусус сокинони деҳа аз фаъолияти коргарони ширкат, ки роҳбарию муассисии онро марди ҳалолпеша Урозалӣ Шерхонов ба ӯҳда доранд, қаноатманду минатдоранд, дар сӯҳбат изҳори андеша намуданд сарвари муассисаи мазкур Зарнигор Олимова. Мавсуф дар идомаи сухани хеш гуфтанд: Таъмири асосии бинои муассиса ин ниҳояти кор нест. Зеро рӯзҳои наздик бо ташаббусу дастгирии Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон (БМИМТ)  сохтмони бинои нави дуошёна, ки аз 10 синфхона иборат аст, шурӯъ мегардад. Ин дастгириҳои Ҳукумати кишвар мо маорифчиёнро водор мекунад, ки кори таълиму тарбияи толибилмонро ба таври замонавӣ ба роҳ монем.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.