ЗАБОН НИШОНАИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ

  Рӯзи 5-октябри соли ҷори бахшида ба «Рузи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар толори машваратии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ганҷи дониш” конфронси илмӣ-адабӣ дар мавзуи «Забон - инъикоскунандаи миллату фарҳанг» бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ баргузор гардид.

   Пеш аз ифтитоҳи конфронс ҳозирин аз намоиши китобҳо боздид намуданд.  Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ Раиси комиссияи забони назди Китобхонаи вилоятӣ  Оқилова Заррина кушода, ҳозиринро бо  ин  ҷашни  пуршукӯҳ табрик  намуд.          

   Дар чорабинӣ Фирузи Сайидмуъмин муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ш.Кӯлоб, Абдуқаҳҳоров Сарахон-корманди бахши Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб иштирок намуда, дар бораи ҳифзи забон, поку беолоиш нигоҳ доштани он суханронӣ намуда, кайд карданд, ки забон ифодагарӣ тафаккури шахс ва миллат аст.

   Мақсад аз баргузории конфронс  низ дар он аст, ки насли имрӯзу фардоро мебояд, ки забони модарии хешро эҳтиром намоянд  ва онро ҳамеша ҳифз кунанд.

 

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.