Баргузории чорабиниҳои варзиши бахшида ба «Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Рӯзи 5 октябри соли 2018 дар саҳни Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон, чемпионатҳои вилояти Хатлон оид ба шохмот (солхои таваллуди аз 1968 боло) ва тенниси рӯи миз ба муносибати “Рӯзи забони давлатии Чумхурии Точикистон” оғоз гардиданд.

  Ҳадаф аз баргузории чемпионатҳои мазкур эҳтиром гузоштан ба забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташвиқу тарғиб намудани намудҳои варзиши шохмот ва тенниси руи миз, ташаккули тарзи ҳаёти солим, ташакули неруи ҷисмони ва зеҳни сокинони вилоят ва муайян намудани хайати дастаи мунтахаби “Хатлон-1” мебошад.

 Дар чемпионатҳои мазкур дастаҳо аз 15 шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар фаъолона ширкат варзида истодаанд. Голибон ва ҷоизадорон бо диплому медалҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон сарфароз гардида, ҳамзамон соҳиби роҳхат ба даври ҷумҳуриявии мусобиқаҳои мазкур мегарданд.

 Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон минбаъд низ баҳри рушд ва оммавияти варзиш тадбирҳо андешида, корҳои амалиро ба сомон мерасонад.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.