ШОГИРДИ СОБИҚ ДАР ПАЙИ  ТАЪМИРУ ТАҶДИДИ МАКТАБ

   Зимни шиносоӣ ба вазъи муассисаи таҳсилоти умумии рақами 54-и деҳаи Ҳулбуки ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ, директори ҷавони он Далер Пиров дар сӯҳбат ба ин тариқ гуфтанд:-Вобаста ба дастурҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шарафи сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии азизамон, амалҳои бунёдкорӣ дар деҳаи мо аз таъмиру таҷдиди мактаби он шурӯъ гардид. Соҳибкори ҷавон Аҳлиддин Шамшеров, ки  хатмкунандаи мактаби мост, амалҳои хайри хешро аз таъмиру таҷдиди мактаб оғоз намуданд. Бо дастгирии молии ӯ атрофи мактаб дар ҳаҷми 171 метр деворбандӣ гардида, як зумра иншоотҳои ёрирасон, ба амсоли анбор, ошхона, ҳаммом, ташноб, утоқ барои гузаронидани машғулиятҳои ҳарбӣ сохта шуда, дар назар аст, ки онҳо рӯзҳои наздик ба истифода дода мешаванд. Акнун ин шогириди ба ору номус ва хайрпешаи мактаби мо, азм дорад, ки баъди ба истифода додани иншоотҳои мазкур, ба бунёди варзишгоҳи замонавӣ оғоз мекунад, гуфтанд дар анҷоми сӯҳбат Д.Пиров.  

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.