Забон таҷасумгари миллат

   Рӯзи 4 октябри соли ҷори бо ташаббуси Раёсати кор бо занон ва оила мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба «Рӯзи забони давлатӣ» конференсияи илмиро таҳти унвони «Забон-таҷассумгари миллат» дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баргузор намуд, ки дар кори конфронс намояндагон аз соҳаҳои маориф, фарҳанг, телевизион, адибон, шоирон, занони фаъол, омӯзгорону донишҷӯдухтарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ миёнаи касбии вилоят ва васоити ахбори омма иштирок намуданд.

  Дар ҷаласа муовини раиси вилояти Хатлон Хидирзода Махфират Умар баромад намуда, қайд намудан, ки забон яке аз рукнҳои асосии давлат ва давлатдории миллист. Мақоми давлати гирифтани забони тоҷикӣ боиси ифтихор ва хурсандии ҳар яки мост ва онро бешубҳа, метавон яке аз дастовардҳои бузурги истиқлолият арзёбӣ кард. Инчунин дигар баромадкунандагон бахшида ба «Рӯзи забони давлатӣ» ба монанди Усмон Билолӣ- шоир, адиб дар мавзӯи: «Забон-рукни миллат аст», Раҳматов Райҳона унвонҷуи Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав, омӯзгори фанни забони тоҷикӣ дар мавзӯи «Забони тоҷикӣ – асоси худшиносии халқи тоҷик», Шамшоди Ҷамшед мутахассиси Раёсати илм ва иноватсия дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдулоҳи Рӯдакӣ дар мавзӯи «Баъзе масъалаҳои забон дар таҳрири ёдоштҳои Садриддин Аёни», Давлатова Мавҷуда омӯзгори фанни забони тоҷики васофи сулҳу дӯстӣ» андешаҳои худро иброз намуданд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.