Омодаги ҳунармадони Хатлони ба рузи Фалак

Ҳамасола 10-уми октябр дар Тоҷикистон  Рӯзи Фалак   таҷлил карда мешавад.

 Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар яке аз баромадҳои хеш бахшида ба муносибати Рӯзи Фалак изҳор дошта буд, ки   Шашмақом ва Фалак аз ҷумлаи ганҷинаҳои бебаҳое мебошанд, ки аз қаъри асрҳо то замони мо ҳамчун мусиқии классикии халқи  фарҳангпарвару санъатдӯсти мо  ёдгор мондаанд.

  Фалак аз нигоҳи ҳаҷм ва ҳам аз нигоҳи арзишу қимати бадеӣ аз ҷумла беҳтарин мероси мусиқист, ки мо онро барҳақ мусиқии шаклан озод ва таҷассумгари рӯҳи озод ва орзуву омоли  халқи тоҷик меномем. Дар вилояти Хатлон ҳунармандони муваффақу таҷрибадор хеле ва хеле зиёданд, ки  жанри Фалакро  бо сабку услуби баланд месароянд.  

  Фалак дар миёни замину осмон, самову самад, ямину ясор дар байни инсоният ва умуман дарду доғи  дур аз Ватан ва амсоли инҳо бисёр мавзуҳоро фарогир мебошад. Имрӯзҳо бештари мардуми кӯҳистон Фалаки даштӣ ва  роғиро бештар месароянд. Ҳоло аҳли санъату ҳунари шаҳру навоҳии вилояти Хатлон  барои дар сатҳи лозима таҷлил кардани ин рузи таърихи омодагиҳои ҳамаҷониба мебинанд то ин саънаро дар сатњи лозмаву хотирмон таљлил созанд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.