Хизмати Ватан Модар ин шарафи бузург мебошад

  Мавсими сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қӯвваҳои Мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаро расид. Бо ин мақсад таҳти унвони «Рӯзи даъватшаванда» дар маркази  маъмурии вилояти Хатлон шаҳри Бохтар чорабини васею хотирмон ҷараён гирифт. 

 Дар ин ҷамомад раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ  Гулмаҳмадзода Қӯрбоналӣ, роҳбарияти шаҳри Бохтар, намояндагони ташкилоту муасисаҳои дахлдор, комисарони шаҳру ноҳияҳо бо гуруҳи ҷавонони даъватшаванда, волидайни наваскарон, омӯзгорону толибилмони муасисаҳои таълимии шаҳри Бохтар иштироки фаъолона доштанд.

 Дар қисмати аввали чорабинӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитон   дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқараргардидаи хизмати ҳарбиро адо намуданд ва давати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1991-2000-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ ба  саҳми ҳозирин расонида шуд.

 Сипас раиси вилояти Хатлон оид ба сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ёдовар шуда, вобаста ба мақоми ҳомиёни ватан дар мавриди таъмини амнияту осудагии ҷумҳури, беҳдошти вазъи хизмати ҳарбиёну сарбозон, сухан ронда, эҳсоси фараҳмандӣ намуд, ки  ҷавонони имрӯз бо ҳисси баланди ватандорӣ, баҳри ободиву осоиштагии Ватан-Модар сарбаландона хизмати  ҳарбиро ба ҷо меоранд. Ва маҳз ҳамин садоқату шуҷоатмандии ҷавонони ватанпавар аст, ки бо нерӯи созандаву қувваи бузурги хеш марзу бузи кишваро ҳимоя месозанд.

  Раиси вилояти Хатлон дар фарҷом аз фазилати дасти дуои падарону модарон низ  ёдовар шуда, ба ҳамаи наваскарон тандурустӣ, шуҷоатмандиву далерӣ ва дар мавриди адои хизмати Ватан- Модар садоқату сарбаландиро таманно кард.

  Ҳаминтавр дар назди ҳозирин модари яке аз даватшаандаҳо   баромада изҳор дошт, ки имруз хизмат дар сафи Қӯвваҳои Мусалаҳи кишвар беҳтару хубтар гаштааст ва падару модаронро ба он даъват намуд, ки боз ҳам фарзандонашонро   дар роҳи дустдоштану ҳимояи марзу буми мамлакат тарбия ва ба камол расонанд.

   Аз симои ҳар як даватшавандагони шаҳру ноҳияҳои вилоят баръло эҳсос мешуд, ки  онҳо барои адо кардани хизмати Ватан-Модар омода буда, тасмим доранд содиқона дар ҳимояи марзу буми ватан қарор гиранд. 

  Ҳамзамон аз ҷониби масъулини ҳукумати вилояти Хатлон ва шаҳри Бохтар, Раёсати љавонон ба наваскарон ҳамчун рамзи эҳтирому қадршиносӣ туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Бо дуои роҳбарияту волидайн наваскарон тавасути қатораи  воситаҳои нақлиётӣ ба қисмҳои низомӣ сафарбар шуданд.

 Сипас барномаи консертии аҳли ҳунармандони вилояти Хатлон ва саҳнаҳои ҷолиби театрии аҳли ҳунармадони театри вилояти мусиқи-мазхакави бахшида ба «Рӯзи даватшаванда»  ва гусели ҷавонон ба сафи Қӯвваҳои Мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷӣкистон  пешкаши ҷамомадагон карда шуд, ки хело ҷолибу хотирмон арзиёби карда мешавад. Ҳамингуна пас барномаи фарҳангии аҳли ҳунар наздики ҳазор нафар ҷавонони Хатлонзамин ба қисмҳои низомии шаҳру навоҳии кишвар сафарбар шудаанд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.