Таҷлили Рӯзи забони давлатӣ дар ноҳияи Темурмалик

  Рӯзи 4-октябри соли ҷори тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри фарҳанги ноҳия бо иштироки доираи васеъи омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, фаъолон, собиқадорон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва хонандагони колеҷу муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия чорабинии идона доир гардид.

  Раиси ноҳия Аслзода Эмомиддин Муҳриддин зимни суханронии хеш аз нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи мухталиф, аз ҷумла илм ёдоварӣ намуда, илова намуд, ки маҳз бо таваҷҷуҳи хосаи Сарвари давлат забони тоҷикӣ мақоми давлатиро касб намудааст.

  Дар суханрониҳо бахшида ба Рӯзи забони тоҷикӣ аз тарафи иштирокчиён қайд гардид, ки забон аз рукнҳои асосӣ дар шинохти миллат ва давлат, ифодакунандаи тафаккур, ақида, ҳуввияту ормонҳо ва ҳастии миллат мебошад.

 Дар фарҷоми ҷамъомад ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ ҳунармандони бахши фарҳангӣ ноҳияи Темурмалик дар якҷоягӣ бо хонандагони муассисаҳои таълимӣ барномаи фарҳангии омоданамудаи хешро нишон доданд. Дар иҷрои ҳунармандон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ қироати шеъру таронаҳои шоирон доир ба васфи забони модарӣ-зебогиву нафосати забони шевою оммафаҳми тоҷик ифода гардид.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.