ТАВАҶҶУҲИ ХОСА БА ҲУНАРҲОИ МИЛЛӢ ТАВАССУТИ НАМОИШИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

 Намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар доираи ҷадвали вохӯриҳо дар деҳаи Анварободи ҷамоати деҳоти Даҳана бо иштироки раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул ва роҳбари ташкилоти ҷамъиятиии “Армуғони сулҳ”, шоираи Ваҳдатсаро Хосият Вализода роҳандозӣ гардид.

 Зимнан, дар рафти ин чорабинӣ Валиева Саъбагул суханронӣ карда, қайд кард, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ, чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ бо маром идома доранд. Бо такия ба ин аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон шудани соли-2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва дар ин замина ҳавасманд гардонидани ҳунармандон, яъне аз ҳамагуна андоз озод намудани онҳо барои сайқал додани ҳунарашон ва эҳё намудани анъанаҳои суннатӣ, гувоҳ аз тенҷиву осоиштагии мардум ва истиқлолияти комили кишвар аст.

  Ба ин хотир таъкид шуд, ки барои пойдории сулҳ ва абади нигоҳ доштани  ваҳдати миллӣ дар ватани азизамон, ҳар яки моро водор ба он мекунад, ки дар зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат сарҷамъ бошем ва баҳри ободии мамлакатамон ҳамаҷониба кушиш намоем.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.