Забони модариро пос дорем

  Рӯзи 3 октябр бахшида ба ҷашни Рӯзи забони давлатӣ дар муассисаи таълимии №7-и деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти «Гулистон» бо иштироки аъзоёни Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр ва кормандони нашрияи «Нури Сарбанд» бо омӯзгорону хонандагон ва падару модарони онҳо вохӯрӣ доир гардид.

  Ҳ. Султонов, А. Мастов, Б. Валиев ва Н. Ибодуллоева дар суханрониҳои хеш аз бузургию шаҳомати забони тоҷикӣ устувории он дар лобалои ҷангҳои мазҳабию қабилавӣ, нақши бузурги шоирону нависандагони барҷастаи форсу тоҷик дар рушду нумуи забон ва саҳми босазои он дар сарҷамъию пояндагии давлату миллат сухан гуфтанд.

  Қайд гардид, ки халқи тоҷик тавассути мардуми фарҳангсолору маърифатпарвараш тавонистааст, ки на танҳо забони модарии худро нигаҳ дорад, балки онро рушду нумуъ бахшида, бо рангу ҷилои тоза ба имрӯзиён расонад.

  Дар ҷамъомад бахусус аз ҷавонон барои эҳтиром гузоштан ба забон ва дигар арзишҳои миллӣ, пок нигоҳ доштани забони тоҷикӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар ҷаҳон даъват намуданд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.