ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ! 

  Вахш. Рӯзи 1-уми октябри соли ҷори дар назди бинои Комиссарияти ҳарбии нохияи Вахш чорабинӣ бахшида ба даъвати тирамоҳии наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

 Дар чорабинии мазкур муовини раиси ноҳияи Вахш Фариштамо Зоҳидзода, мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Р. Исмоналиев, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Худойдод Ёров иштирок ва суханронӣ намуданд.

Барои ҷавонон хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин мактаби ҳаёт мебошад.            Ҷавонон сабақи шуҷоату мардонагӣ, муҳофизат намудани хоки Ватанро меомӯзанд. Вақте, ки мо аз ватандӯстӣ сухан меронем, пеш аз якпорчагии марзу буми кишварро дар назар дорем. Вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст афзун намудани дастовардҳои Истиқлолият ва таҳкими рукнҳои давлатдорӣ аст, ки  яке аз ин рукнҳо Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

  Шумо муҳофизони Ватанед, бояд ҳимояи Меҳанро вазифаи ҷонӣ ва фарзандии худ бидонед. Барои ҳифзи Ватан – Модар камар бастан, бояд орзуи ҳар як ҷавонписари кишвар бошад.    Ба ҳамаи шумо ҷавонони азиз, сиҳатию саломатӣ ва дар ҳифзи Ватан бурдбориҳоро орзу дорам гуфт дар фуроварди сухан муовини раиси ноҳия Фариштамо Зоҳидзода.

 
 

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.