Гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Муссалаҳ

  Рӯзи 1-октябр дар шаҳри Левакант маросими гусели тирамоҳии наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз гардид. Дар рӯзи аввали чорабинӣ дар назди комиссариати ҳарбии шаҳр ҷавонони зиёд ҷамъ омада, омодагии худро барои адои қарзи фарзандии худ дар назди давлату миллат изҳор доштанд.

  Раиси шаҳр Самизода Санавбар аз иқдоми ватандӯстонаи ҷавонон изҳори хушнудӣ намуда, ба волидони онҳо барои тарбияи чунин ҷавонмардони бонангу ор арзи сипос намуд.

  “Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар қарзи фарзандии ҳар ҷавонмарди баномуси миллат аст. Имрӯз дар чеҳраи ҳар як ҷавон нишонае аз ватандӯстӣ, ватанпарастӣ ва мардонагию шуҷоатмандӣ ҳувайдост. Мо хеле хушнуд ҳастем, ки ҳимояи марзу буми кишвар ба дӯши шумо барин ҷавонмардони далеру шуҷоъ вогузор аст”,-гуфт раиси шаҳр.

  Раиси шаҳр ба ихтиёриён туҳфаҳои таъсисдодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро супурда, сари мизи идона бо онҳо суҳбати самимӣ доир намуд.

 Кормандони бахши фарҳанги шаҳр баҳри болидахотирии иштирокдорон суруду оҳангҳои марғубро пешниҳод намуданд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.