ФАРХОРУ ДАНҒАРА 50 ФИСАДИ НАҚШАИ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО ИҶРО НАМУДАНД

  Дар ноҳияҳои Фархору Данғара вобаста ба маълумоти фаврӣ рӯзе ба қадри аз 2 то 2,4 фоизи нақшаи дурнамои ҳосили пахтаро ҷамъоварӣ менамоянд. Мебинем, ки ноҳияҳои мазкур то рӯзи 30-уми сентябр дар як зина қарор гирифта, нақшаи дурнамои хешро ба қадри  49-49, 7 фоизӣ  иҷро намудаанд. Аз 25015 тонна ҳосили то имрӯз ҷамъовардаи деҳқонони минтақаи Кӯлоб, 9468 тоннаи он мансуби деҳқонони фархорист.

  Пахтакорони навоҳии минтақаи Кӯлоб азм доранд, ки нақшаи дурнамои худро, ки 60135 ҳазор тоннаро ташкил мекунад, саривақт иҷро намуда, аз ӯҳдадорӣ беш ҳосили пахта ҷамъоварӣ намоянд.Бо ин мақсад онҳо аз тамоми шароиту имкониятҳои мавҷуда, минҷумла аз обу ҳавои мусоиди фасли тирамоҳ самаранок истифода намуда истодаанд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.