Қадамҳои нахустини мардонагӣ

 Имрӯз дар боғӣ фарҳангию фароғатии шаҳри Кӯлоб маъракаи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шуд.

60-нафар наваскарон бо либосҳои варзишӣ дар саф истода буданд.

 Раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Хайрулло Амонулло, собиқадори ҷанги Бузурги Ватанӣ, полковники мустаъфӣ Бекматов Мирзо ба навасакрон роҳи сафед ва хизмати шоиста дар сафҳои қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон таманно намуданд.

 Қайд гардид, ки шарафи бузург аст, ки сарфармондеҳии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад. Бо ибтикори созада ва сулҳпарваронаи Пешвои миллат қисмҳои низомии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тамоми шароитҳои зарурӣ муҳайё мебошанд.

  Ҷавонони Кӯлобӣ дар ҳама давру замон ҳимоятгари Ватан ва марзу буми он буданд ва барои ҳимояи ҳар як каф хоки диёр мардонавор истодагарӣ намуда, хоки аҷдодиро аз ҳамлаи душманон дифоъ намудаанд.

 Хизмат мактаби шарафу номус, мардонагию шуҷоатмандӣ буда, маҳз обу тоби бадан ва ҳамчун шахсият шинохташавии мард аз ҳамин мактаб ибтидо меёбад.

 Имрӯз ҷавонон ба хотири ҳимояи марзу буми ватан дар ин ҷо ҷамъ омадаанд, то ки хизмати модар – Ватанро сарбаландона иҷро намоянд.

  Бо итминони комил метавон гуфт, ки ин ҷавонон ва даҳҳо ҷавонони дигар вазифаи муқаддаси худро бо сарбаландӣ дар назди халқу Ватан ва миллат ба ҷо оварда, сулҳу оромӣ, амнияти кишвар ва меҳнати бунёдкоронаи мардумро бо дилу ҷон ҳифз менамояд ва садоқати худро ҳамчун муҳофиз ва такягоҳи боэътимоди Ватану ватандорӣ собит месозанд.

  Дар воқеъ сарбозону афсарони Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба имрӯз собит сохтаанд, ки аз ҷиҳати маънавӣ ва ҷисмонӣ обутобёфта ба камол расидаанд ва ба ҳеҷ гуна мушкилот тан намедиҳад.

  Боварӣ дорем, ки Шумо қарзи худро ҳамчун ворисони бонангу номуси гузаштагони худ бо сарбаландӣ иҷро намуда, амнияти кишварро бо дилу ҷон ҳифз менамоед ва садоқати худро ҳамчун муҳофиз ва такягоҳи боэътимоди Ватану ватандорӣ исбот месозед.

Даъватшаванда Бахтиёр Пирмадов дар назди ҳамсафарони худ ваъда дод, ки ба Ватан содиқона хизмат менамояд.

 Модари аскарбача Қаюмова Бибигул ба ҳамаи даъватшавандагон дуои нек дода, онҳоро даъват намуд, ки ба Ватани азизи зуд мардонавор хизмат намоянд.

Тақдими гулдастаҳо аз тарафи гулдухтарон ба даъватшавандагон ҷавонро болидарӯҳтар гардонид.

Шеърхонӣ ва машқҳои ҳарбии муҳассилини таълимгоҳи №1-и шаҳр ба чорабинӣ ҳам шукуҳи дигар бахшид.

Дар қисмати барномаи ҳунарии чорабинӣ наваскарон бо волидайни хеш рақсу шодӣ намуданд.

 

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.